Намояндаи Вазорати адлия: Ҷавобгарӣ барои истифодаи шиканҷа пурзўр карда шуд

Дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба механизмҳои Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД) ва омодасозии Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври сеюми ШУД барои солҳои 2021-2024 анҷом ёфтанд. Чорабиниҳо дар марказҳои маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар, вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, инчунин дар ноҳияи Рашт ва НТМ - ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, кумитаҳои маҳал, гуруҳҳои ташаббускор, фаъолон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати муносибатҳои байналмилалии  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” маърӯза хонданд.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Алишер Неъматзода, аз лаҳзаи таъсисёбии Шарҳи универсалии даврӣ дар мақомоти адлия як қатор корҳои назаррас дар самти рушди ин соҳа ба сомон расонида шудааст:

- мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-юми январи соли 2020, №1661 ба моддаи 143¹ Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид гардида, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷа пурзўр карда шуд;

- ба низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ афзалиятҳои нави ташаккули низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нав муайян карда шуд, ки муҳимтаринашон инсондўстӣ гардонидани низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, зарурати наздиккунонии шароити нигоҳдошти маҳкумшудагони дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо намуда ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо ба талаботи Конвенсияи зидди шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2020, №385 «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ карда шуд;

- соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» маҳз дар заминаи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои ҳуқуқи инсони СММ дар доираи Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даври якум) қабул карда шуд. Ҷиҳати амалӣ кардани қонуни мазкур дар назди Вазорати адлия комиссияи тахассусӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади мутобиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба уҳдадориҳои дигари байналмилалии кишвар дар самти ҳуқуқи инсон ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки мувофиқи он масъалаҳои уҳдадории адвокат, соҳиб шудан ба мақоми адвокат, иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, инчунин боздоштан ва қатъ кардани мақоми адвокатӣ такмил дода шуд. Қонуни номбурда ба талаботи санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мувофиқат карда, ҳуқуқи адвокатҳоро ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ халалдор намесозад;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро танзим карда, бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар самти ҳуқуқи инсон ва тавсияҳои мақоми оинномавии СММ қабул шуд.

NoTorture.Tj