Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оид ба масоили таҳияи Кодекси нави ҷиноятии Тоҷикистон баргузор гардид.
15-16-уми майи соли 2021 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) ҷаласаи навбатии гуруҳи кории назди Дастгоҳи Президенти ҶТ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси нави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ташкил карда шуда буд, доир гардид.
Ба ҳайси барандаи ҷаласа ҷонишини роҳбари гуруҳи корӣ, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва мубориза бо маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ Шариф Қурбонзода баромад намуд.
Дар чорабинии гузашта аъзои гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси нави ҷиноятии ҶТ аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи Президенти ҶТ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Вазорати адлияи ҶТ, омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ ва кормандони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» иштирок карданд.
Дар ҷаласа масоили ба Кодекси нави ҷиноятии ҶТ илова кардани замимаҳои қонунгузорие, ки амалисозии таҳлили намудҳои алтернативии ҷазои ҷиноятӣ ва озодии шартӣ ҳамчун ҷанбаи калидии инсондӯстии қонунгузории ҷиноятиро муайян месозанд, баррасӣ гардиданд.
Дар рӯзи аввал аъзои гуруҳи корӣ бо рӯнамоиҳо вобаста ба таҳлили намудҳои алтернативии ҷазои ҷиноятӣ ва озодии шартӣ баромад карданд.
Рӯзи дуюми вохӯрӣ ба воридсозии намудҳои алтернативии ҷазои ҷиноятӣ ва озодии шартӣ ба меъёрҳои КҶ ҶТ бахшида шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар доираи фаъолиятҳо оид ба инсондӯстии ҳуқуқи ҷиноятӣ дар Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати кишвар гуруҳи корӣ таъсис дода шудаву амал мекунад, ки Кодекси ҷиноятии амалкунандаи ҶТ-ро коркард менамояд ва пешниҳодотро дар мавриди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он омода месозад