Натиҷаи фаъолияти солонаи Эътилофи зидди шиканҷа омода шуд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳисоботи солона оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2016-ро омода намуд.

Бино ба маълумоти дар ин ҳисобот дарҷшуда, дар соли 2016 ба Эътилоф, ки ба он 11 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 6 шахси воқеӣ дохил мешаванд, имкон даст дод, то ба тағйироти бузург дар самти муборизаи самаранок ба муқобили шиканҷа дар кишвар муваффақ гарданд. Аз ҷумла, 57 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Дар мавриди 41 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона маслиҳати ҳуқуқӣ дода шуд, ки аз ин шумора 30-тояш парвандаи нав буда, 11-тои дигар парвандаҳое мебошанд, ки аз солҳои пеш аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф ба қайд гирифтаву пеш бурда мешаванд.

Дар натиҷаи кори фаъолонаи адвокатҳо дар соли 2016 нисбати парвандаҳои хизматчиёни ҳарбӣ панҷ қарори айбдоркунӣ бароварда шуд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани ҳайати афсариро низ дар бар мегирад. 13 нафар ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд, ки аз ин теъдод 6 нафарашон ба ҳайати роҳбарикунанда дахл доранд.

Эътилоф дар баррасии парвандаҳои судии стратегӣ иштирок дорад ва ҳамзамон таҷрибаи судиро дар мавриди муҳайё намудани таҷрибаи аз ҷониби давлат пардохт шудани ҷуброни зарар ба қурбониён ва хешовандони онҳо васеъ менамояд. Дар соли 2016 дар мавриди 2 парванда қарор оид ба ҷуброни зарар бароварда шуд, як парванда рад карда ва ниҳоят қатъ карда шуд, нисбати 2 қарори судӣ шикоят оварда шуд.

Пешниҳоди даъво дар мавриди 7 парванда, аз ҷумла дар 2 ҳолат талаб кардани ҷуброни зарари моддиву маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок дар нақша аст.

Дар мавриди парвандаҳо оид ба ҷуброни зарар 9 баҳогузории равоншиносӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ гузаронида шудааст.

Ҳамагӣ дар соли 2016-ум 25 нафар офиятбахшӣ гузаштаанд (11 зан ва 14 мард). Даҳ нафар - шахсони аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарардида, боқимонда 15 нафар аъзои оилаҳои қурбониёни шиканҷаанд. Ду қурбонӣ ноболиғ ба шумор мераванд.

Эътилоф стандартҳои Протоколи Истамбулиро дар қонунгузорӣ ва дар таҷриба роҳандозӣ мекунад, ки таъсиси институти ташхиси судӣ-тиббии мустақил ба он дохил мешавад.

Ташкилотҳои аъзои Эътилоф узви гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст. Дар соли 2016 ин гуруҳ аз 16 муассисаи пўшидаву нимапўшида ва 3 қисми низомӣ дидан кард.

Эътилоф дар мавриди аз ҷониби Тоҷикистон иҷро шудани уҳдадориҳояш дар самти озодӣ аз шиканҷа мониторинг мегузаронад, барои мақомоти СММ гузоришҳои алтернативӣ омода месозад, инчунин дар раванди дастёбӣ ба озодӣ аз шиканҷа ҳангоми мубоҳисаҳо оид ба ҳуқуқи инсон фаъолона иштирок мекунад.

Эътилоф дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 416 матолиби иттилоотиву таҳлилиро дар ВАО вобаста ба ҳолатҳои ҷудогонаи шиканҷа, инчунин, дар умум дар масъалаи раҳоӣ аз шиканҷа 4 видео-матлаб, 18 шарҳи матбуотӣ, 6 барномаи телевизионӣ ва радиоӣ ба нашр расонида, ҳудуди 20 вохўрӣ ва брифинг бо ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ ва ҳайатҳои расмии дигар давлатҳо гузаронидааст.

Эътилоф дар мавриди ҳуқуқҳои боздоштшудаҳо 18 ҷаласа гузаронд, ки дар онҳо 434 нафар иштирок доштанд. Аз ин шумора 422 нафарашон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (муфаттишон, кормандони фаврии тафтишоти ҷиноятӣ, нозирони минтақавӣ, кормандони қисми навбатдорӣ оид ба ноболиғон, кормандони шуъбаҳо оид ба зўроварӣ дар оила), дунафарӣ намояндагони қабулгоҳҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳои Суғду Хатлон буданд.

Эътилоф торнамои худ - www.notorturetj.org-ро фаъол кардааст, ки дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон воситаи фарогири иттилоотӣ ба шумор меравад. Дар торнамо мақолаҳои мувофиқи ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилу ташхисҳо, мусоҳиба ва дигар маълумоти заруриро дарёфт кардан мумкин аст.

Дар соли 2016 фаъолияти умумии Эътилоф бо лоиҳаҳои «Пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии Намояндагии Ташкилоти байналмилалии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, «Мубориза барои ҳимоя аз шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, инчунин «Дастгирии

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ» бо кўмаки Фонди Зигрид Рузинг дастгирӣ ёфт.

Барои бо ҳисобот муфассалтар шинос шудан, метавонед ба торнамои Эътилоф - www.notortutetj.org муроҷиат намоед.

Notorture.Tj