Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли 2018 барои офиятбахшӣ 31 нафар ворид шуданд, ки аз онҳо 17 нафар шахсони бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷабрдида ва 14 нафар аъзои оилаҳоянд.
13 нафар офиятбахшии такрорӣ гузаштанд: 4 нафар табобати амбулаторӣ ва 2 нафар табобати статсионарӣ гирифтанд, ба 3 нафар кўмаки равонӣ расонида шуда, 4 нафар табобати санаторӣ-истироҳатӣ гирифтанд.
Аз рўи парвандаҳои нав 18 нафар баҳогузории аввалияро гузашта, ба онҳо чунин кўмакҳо расонида шуд: а) ташхиси тиббӣ - 8 нафар; б) кўмаки тиббӣ - 8 нафар; в) кўмаки равонӣ - 2 нафар.
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар тавсияҳои худ ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ба Тоҷикистон тавсия дод, ки “мусоидат намояд, то қурбониёни шиканҷа офиятбахшӣ гузаранд ва ҳамзамон ба ҷуброни одилона бо шумули воситаҳо барои офиятбахшии пурра бо роҳи коркарди барномаи офиятбахшӣ ҳуқуқ дошта бошанд”, инчунин “мусоидат карда шавад, то барнома хизматрасониҳои махсускунонидашуда оид ба офиятбахширо пешниҳод намояд, ки аз лиҳози дастрас будан мувофиқат намоянд”.
Дар ҷараёни гўш додан ба гузориш, рўзи 4-уми майи соли 2018 узви ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода таваҷҷуҳи худро ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайридавлатие, ки дар самти расонидани хизматгузориҳои офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо кор мекунанд, изҳор намуд.
5-уми июни соли 2018 аз ҷониби Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки фаъолияти Эътилофро дар масоили офиятбахшӣ ҳамоҳанг месозад, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо дархост дар бораи вохўрӣ баҳри амалӣ намудани тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа мактуб ирсол карда шуд. 18-уми июни соли 2018 вазорат ҷавоби расмӣ гардонд. Дар он гуфта мешавад, ки айни замон онҳо мактуби расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ интизоранд ва дар он сурат ба муколамаҳои оянда омодаанд.