Назару пешниҳодоти аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар робита ба COVID-19

Баъд аз он, ки мавҷудияти бемории коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон низ тасдиқ гардид, доираҳои гуногуни ҷомеа назару пешниҳодоти худро изҳор намуданд. Аз ҷумла, ташкилотҳову дигар аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ин раванд иштирок доштанд.

Намояндаи ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Холматова - узви Эътилоф дар робита ба COVID-19 пешниҳод намуд, ки гуруҳи мобилӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа таъсис дода шавад.

- Пандемияи COVID-19 ба фаъолияти мо ва ба фаъолияти Эътилоф дар умум таъсири худро гузошт. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои назди Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ гузошташуда ва иҷрои фаъолияти худ, пешниҳод мекунам, ки аз ҳисоби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, адвокатҳо, кормандони иҷтимоӣ бо роҳи сафар кардан ба вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва НТМ бо риояи ҳамаи чораҳои бехатарӣ, барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба нақзи ҳуқуқҳояшон дучор шудаанд, гуруҳи мобилӣ таъсис дода шавад. Пеш бурдани фаъолияти васеи фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва чора андешидан баҳри роҳандозии корҳои самаранок зарур аст,- гуфт ӯ.

Намояндаи ташкилоти дигари узви Эътилоф - Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ иброз дошт, ки дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби онҳо ба ҳимояи ҳуқуқҳои фаъолони шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ дода шудааст.

- Чун дар замони пандемия худи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ниёз пайдо карданд, барои ҳамин, моҳи ноябри соли 2020 бо ташаббуси ду узви Эътилоф - Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ ва ТҶ «Отифа» лоиҳаи шарикии «Дастгирии иттилоотӣ-ҳуқуқии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒД, фаъолон)» ба фаъолият оғоз намуд, ки ба боло бурдану таъмини амнияти бехатарӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки ба чорабиниҳои лоиҳавӣ на танҳо аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар вилояти Суғд, инчунин аъзои дигар шабакаву эътилофҳо, амсоли Шабакаи ТҶ «Иттифоқи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар самти тандурустии ҷамъиятӣ», Шабакаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» ва дигар фаъолон ҷалб шудаанд,- изҳор дошт намояндаи ташкилот.

Шоира Давлатова, роҳбари ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва ҳамзамон роҳбари Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иброз намуд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 табодули доимии иттилоот муҳим аст: «Дар давраи пандемияи COVID-19 ҳамоҳангсозии талошҳо ва табодули доимии иттилоот баҳри боло бурдани самаранокии кор дар самти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муҳим аст».

Узви дигари Эътилоф Зоир Раззоқов оид ба пешгирии COVID-19 изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт, ки «ман дар масъалаҳои пешгирӣ ва табобати COVID-19 машварат медиҳам. Метавонам дар ин масъала тренингҳо гузаронам. Аз рӯи имконият ба мизоҷони ниёзмандамон кумак мерасонем».

Зимнан, Таҳмина Саидова, намояндаи ТҶ «Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон» изҳор дошт, ки «дар давраи пандемия мутахассисони тиббӣ ва равоншинос машварати онлайнӣ мерасонанд. Дар давраи карантин ба мизоҷонамон кумаки хӯрока расонида шуда буд. Бо пешниҳоди машваратҳои равониву тиббӣ, мо метавонем дар фаъолияти Эътилоф саҳми худро гузорем».

Гулчеҳра Раҳмонова, намояндаи ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бошад, зикр намуд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 мо корро идома дода, ба колонияи тарбиявии кӯдакона барои писарбачаҳо кумак расонидем. Миёни кӯдакону кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Инчунин, дар давраи пандемия дар шакли доруворӣ, хӯрока ва воситаҳои ҳимоявию гигиенӣ кумак расонидем».

Бояд гуфт, ки ташкилотҳо ва дигар аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ҳоло ҳам кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то дар пешгирии бемории сироятии коронавирус - COVID-19 саҳми худро гузоранд.

NoTorture.Tj