Article Pages

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Соҳибкори инфиродӣ (СИ) кадом намуди андозҳоро месупорад? ПОСУХ: Мувофиқи боби 3, моддаи 14, банди 7 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси...

18.07.2025 - 12:10

Дар вилояти Хатлон мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди собиқи ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев, ки дар марги Толибҷон Дӯстови боздоштшуда дар соли 2017 даст дошт, ба поён расид. Суд ӯро дар баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ, ки боиси оқибати вазнин гардидааст (м. 316, қ. 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор дониста, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард ва инчунин ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ...

17.07.2025 - 12:48

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Кадом андозҳоро ман бояд супорам, агар барои худ кор кунам?  ПОСУХ: Дар Кодекси андози Тоҷикистон мафҳуми “худшуғлварзӣ” муайян нашудааст, аз ин рӯ, ҳама гуна фаъолияти шахси воқеӣ соҳибкорӣ маҳсуб меёбад ва сабти номро ҳамчун...

14.07.2025 - 12:10

Рӯзи 8-уми июл дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе курси дурӯзаи омӯзишӣ барои кормандони иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин котибони масъули шуъбаҳои ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ноболиғон дар давраи ҷазо ва баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳдудият ва...

09.07.2025 - 12:51

2 июли соли 2025 дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сессияи иттилоотӣ оид ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои занон баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз воҳидҳо ва минтақаҳои гуногун иштирок карданд. Маърузачӣ:  Ҳалимова Мадина — ҳуқуқшинос, мутахассис дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва...

09.07.2025 - 10:21

«Аз нигоҳи ман, ҳомии ҳуқуқ - ин дар асл дилхоҳ нафарест, ки кўшиш мекунад ҳуқуқҳои худ ва дигар одамонро ҳимоя намояд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки шартҳоеро ба мисли эҳтироми ҳуқуқи дигар одамон доранду идора мекунанд. Ман ҳомии ҳуқуқ шуданро мақсади худ қарор надодаам. Аз он оғоз намудам, ки фаъолияти адвокатӣ анҷом додам ва ба одамоне, ки ҳуқуқҳояшон нақз шуда буд, кўмаки воқеии ҳуқуқӣ...

08.07.2025 - 15:57

Мусоҳиба бо Хушбахт Исоев, узви Эътилофи зиддишиканҷа дар Тоҷикистон. Имрӯз, 26-уми июн дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии пуштибонӣ аз қурбониёни шиканҷа таҷлил мегардад. Ҳамасола даҳҳо боздоштшуда ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон зимни боздошт ё бозпурсӣ аз шиканҷа шикоят мекунанд. Мақомот дар бештари маврид вуҷуди шиканҷаро рад намуда, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ нисбат ба...

08.07.2025 - 15:51

«Манъи шиканҷа - ин на танҳо як амали инсондӯстона аст. Ин як марзи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аст, ки инсонро аз амали хунукназарона муҳофизат мекунад. Вақте ки давлат ин марзро риоя мекунад, тасдиқ менамояд, ки шаъну эътибори инсон ҳадафи муҳим ба шумор меравад. Шиканҷа - ин замонест, ки ба ҷои қонун зӯрӣ истифода мешавад ва дар ҷойе, ки зӯрӣ болотар аз ҳуқуқ аст, он ҷо адолат нест».  ...

07.07.2025 - 10:20

15-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба ислоҳоти системи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Он аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) ташкил карда мешавад. Ҳадафи аслии чорабинӣ омода кардани пешниҳодҳо аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Нақшаи...

04.07.2025 - 11:06

«Манъи шиканҷа - ин далели он аст, ки қудрати давлат амали ғайриинсониро сафед карда наметавонад».              

04.07.2025 - 10:08

Страницы