Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз пароканда шудани иштирокчиёни сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби ширкати таълимии «Мултикид» бояд баргузор мегардид, изҳори нигаронӣ мекунад.
«Донишҷўён ва волидони онҳо, ки аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада буданд, инчунин меҳмонони хориҷӣ бо шеваи тунд пеш карда шуда, маводҳои видеоӣ ва аксӣ нобуд карда шуданд»,- иброз дошт раҳбари «Мултикид» дар суҳбати худ бо ВАО.
Намоишгоҳ бояд рўзҳои 1-2-юми апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар ошёнаи 2-юми бинои «Душанбе Плаза» баргузор мегардид.
Айни замон ба хотири ҳуҷҷатгузории нақзи ҳуқуқи иштирокчиёни намоишгоҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кўмаки зарурии ҳуқуқӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба ҳамаи онҳое, ки аз амали кормандони милиса зарар дидаанд ё шоҳиди нақзи ҳуқуқи инсон гаштаанд, муроҷиат мекунад, то бо рақамҳои боварии 98-708-76-76 ва 98-787-66-66 дар тамос шаванд.