Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин

Нигаронии Созмони ҷаҳонӣ аз "кашолакунӣ"-и мӯйсафед аз қафои мошин

Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа бо нашри як изҳорот аз коҳиш наёфтани ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. 

Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, 10 феврали соли равон, расо 20 сол мешавад, ки Тоҷикистон эъломия дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафториро ба тасвиб расондааст, аммо то ҳол ин рафторҳои номатлуб дар Тоҷикистон васеъ кор бурда мешаванд:“Мақомоти Тоҷикистон 10 феврали соли 1995 бо тасвиби созишнома дар мавриди мубориза алайҳи шиканҷа уҳдадор шуданд, шаҳрвандонро аз бадрафторӣ ҳимоят кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа танҳо давоми солҳои 2011-2014 аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии алайҳи шиканҷа 100 ҳолати бадрафторӣ нисбати занон, мардон ва ноболиғон сабт шудааст, ки дар аксар ҳолатҳо гунаҳкорон беҷазо мондаанд: “Гуруҳи дигари ҷабрдидаҳои шиканҷа аз тарси фишору қасосгириҳо аз шикоят ба мақомот худдорӣ мекунанд.”

Созмони ҷаҳонӣ бо истиқбол аз ворид кардани моддаи шиканҷа – 143 ба Кодекси ҷиноӣ, таъкид мекунад, ҳанӯз ҳам корҳои зиёде барои решакан кардани шиканҷа бояд анҷом дода шаванд: “Аз ҷумлаи ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳо, муҷозоти дастандаркорони шиканҷа пурзӯр ва низоми мустақили таҳқиқи мавориди шиканҷа роҳандозӣ шавад. Бояд боздидҳои эълоннашуда ва бемаҳдуд аз ҷойҳои ислоҳӣ бештар гарданд.”

Инчунин ин созмони байналмилалии мубориза бо шиканҷа қазияи Самандар Ҷалолзода ва бобои 64-солаашро зикр намудааст, ки додситонии Панҷакент 7 январи соли равон ифтитоҳи парвандаро аз рӯи ин ҳодиса рад кардааст ва феълан ин масъала дар баррасии додситонии вилоят қарор дорад.

Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент мегӯяд, маъмурини пулиси ноҳия шаби 4 декабри соли 2014 беасос ӯро латту кӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд. Ҷалолзода дар аризаи шикоятияш ба додситони вилояти Суғд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, изҳор медорад, тақрибан соатҳои 22:00-и 4 декабр дар назди таваллудхонаи ноҳия ӯ барои кӯдакаш дору харида интизори омадани бобояш - Камол Ҷалолов мешавад. Дар ин вақт ду нафар бо либоси ғайринизомӣ тирезаашро кӯфта талаб мекунанд, ки фарояд. Ӯ вақте кӣю чӣ буданашонро мепурсад, онҳо бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ ва дашном ӯро латукӯб ва аз мошин кашида, “мо милиса” гӯён ба мошини худашон савор мекунанд: “Дар ин миён чанд бор дар сарам заданд, ки бобоям низ расида омад. Шумо кистеду чӣ кор мекунед-гӯён дари мошини милисаҳоро дошт. Аммо як милиса ба дигараш “ҳай кун” гуфт ва онҳо тақрибан 40 метр бобоямро кашола карда бурданд, ки дар ниҳоят вай ғалтиду маро ба шуъба бурданд. Дар шуъба маро бе ягон асос лутукӯбу ҳақорат намуданд, ки бобою падарам низ расиданд.”

Самар Ҷалолов, падари Самариддин мегӯяд, вақте ба шӯъбаи корҳои дохилӣ расид падари хуншорашро дид ва овози писарашро шунид, ки мавриди латту кӯб қарор дошт: “Дарҳол талаб кардам, ки сардори шӯъбаро фарёд кунанд, аммо муовини сардори шӯъба -- Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд.”

Самар Ҷалолов мегӯяд, муовини сардори шӯъба ҳоли хуншори падари мӯйсафед ва ҳолати писарашро дида, гуфтааст, ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва онҳоро аз шӯъба ҷавоб додааст. Оилаи Ҷалоловҳо мегӯянд, масъулини милиса аз онҳо хостаанд ба ҷое даъво набаранд, чун кормандони милиса “ҷавонӣ” кардаанд. Аммо Самар Ҷалолов мегӯяд,“охир ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашондани кумур ва фурӯши латта машғул аст.”

Ин хонадони ҷабрдида талаб дорад, ки дастандаркорон муҷозот шаванд. 

Аксҳои Камол Ҷалолов ва Самандар Ҷалолзода: 

Ozodagon