Нигоҳ доштан дар ҳабс…

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 21). Шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудааст, дар изолятори (тавқифгоҳи) муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад, ба истиснои хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар гауптвахта ё шахсоне, ки ҷазои маҳруми аз озодиро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд. Гумонбаршуда ва айбдоршаванда, ки нисбаташон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ шудааст, дар изолятори (тавқифгоҳи) тафтиши пешакӣ нигоҳ дошта мешаванд.

(Қисми 22). Маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан вазифадоранд шикояти шахси дастгиршуда ё ҳабсшударо дар бораи татбиқи шиканҷа фавран ба прокурор супорад. Аз рўи натиҷаи тафтиши шикоят прокурор ба тариқи муқаррарнамудаи моддаи 123-и КМҶ вазифадор аст, ки шикоятро дар давоми се шабонарўз аз лаҳзаи гирифтани он баррасӣ кунад, дар ҳолатҳои истисно, агар барои санҷиши шикоят зарурати талаб карда гирифтани маводи иловагӣ ё андешидани чораҳои дигар пеш ояд, мумкин аст, ки шикоят дар мўҳлати то ҳафт шабонарўз баррасӣ гардад ва дар ин бора бо нишон додани моҳияти шикоят, ваҷҳҳои шикоят оид ба асоснок будан ё набудани он қарори қонунӣ қабул карда мешавад.

Агар ваҷҳҳои шикоят дар бораи татбиқи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф тасдиқи худро ёфта бошад, он гоҳ прокурор қарори дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро қабул мекунад. Ҳамзамон, прокурор вазифадор аст қарори ғайриқонунии мавриди шикоят қарордоштаро бекор карда, чораҳоро оид ба барқарор кардани ҳуқуқҳои вайронкардашудаи шахси арзкунандаро андешад. Қарори прокурор бо дигар маводи санҷишӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда, нусхаи он ба шахси арзкунанда ирсол карда мешавад.

(Қисми 23). Дар сурате, агар шахси дастгиршудаи дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ё ин ки дар ҳабс нигоҳ дошташуда, ба суд бо шикоят дар бораи нисбаташ татбиқи шиканҷа муроҷиат намояд, он гоҳ маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории ҳабсӣ фавран онро ба суди ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и маҳалли ҷойгиршавии муассиса ирсол менамояд.

NotortureTj