Нишондодҳои судшаванда дар муҳокимаи судӣ иваз шуданд…

Зиёда аз ду моҳ мешавад, ки муҳокимаҳои судӣ аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Хайбуллоев Маҳмадғаюр Абубакрович, бо моддаҳои 244 (дуздӣ), 104 (одамкушӣ) ва 32-104 (сӯйиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди вилояти Хатлон идома доранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон санаи 12-уми июни соли 2021 ҳодисаи куштори як хонавода ба қайд гирифта шуд, ки да р он 4 (чор) узви як оила - Маҳмудов Аҳлиддин ва 3 (се) фарзанди ӯ кушта шуданд. Азизова Латофат - ҳамсари марҳум Маҳмудов Аҳлиддин бо фарзанди чорумаш дар ҳолати вазнини саломатӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд.

Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар ин кирдор сокинони ин ноҳия Хайбуллоев М., Насриддинов Қ. ва Шерматова А. гумонбар дониста, нисбаташон айб эълон карда шуд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои мурофиавӣ муайян карда шуд. Аз он ҷумла, нигоҳ доштани Хайбуллоев М. дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии  РВКД дар шаҳри Бохтар, ки қонунгузорӣ 3 шабонарӯз пешбинӣ менамояд ва дар ҳолатҳои зарурат на зиёда аз 10 шабонарӯзро иҷозат медиҳад. Аммо Хайбуллоев М. зиёда аз 60 шабонарӯз дар ТНМ нигоҳ дошта шудааст, ки ин бархилофи қонунҳои амалкунандаи мурофиавӣ мебошад.

Дар яке аз мурофиаҳои судӣ, ки санаи 04.04.2022 сол баргузор гашт, судшаванда Хайбуллоев М. аз нишондодҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ додааш даст кашида, иброз намуд, ки ҳамаи он нишондодҳое, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ аз ӯ гирифта буданд, бо истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати ӯ гирифта шудааст.

Хайбуллоев М. худро дар содир намудани ҷинояти тибқи моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор ҳисоб кард. Аммо айберо, ки ба ӯ бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и КҶ ҶТ эълон карда шудааст, эътироф накарда, худро гунаҳкор намеҳисобад. Дар мурофиаи судии навбатӣ аз ҷониби адвокати Хайбуллоев М. оид ба татбиқ намудани шиканҷа нисбати зерҳимояаш, гузаронидани санҷиши прокурорӣ ва таъин намудани экспертизаи рӯҳӣ-равонӣ дархостҳо пешниҳод гардида буданд. Аммо суд дархостҳои адвокатро рад кард.

Муҳокимаи судӣ доир ба ин парвандаи ҷиноятӣ аз моҳи марти соли 2022 оғоз гардида, то ҳол идома дорад. 

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон