Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ризвон Бегалиев субҳи рӯзи 3-юми октябр дар утоқи корӣ мавриди «облава»-и кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба Комиссариати вилоятии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шудааст.
Нуралӣ Бегалиев, сокини ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ, падари Ризвон дар сӯҳбат бо мо гуфт, писараш 22-сола буда, пас аз хатми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ду моҳ қабл дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси муҳосиб ба фаъолият оғоз карда буд. Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти ду моҳ писараш то ҳанӯз ягон сомонӣ ҳам маош нагирифтааст. Бегалиев аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ба писараш ягон маротиба аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳия даъватнома надодаанд, то ӯро бо сари баланд ба комиссариат ҳозир карда, ба хизмати Ватан гусел намоянд. “Ӯро мисли як ҷинояткор чанд нафар кормандони комиссариати ҳарбӣ аз утоқи корӣ дошта бурданд, ки ба шаъни як мард намезебад, қадри ӯро миёни дӯсту душман паст заданд. Магар чунин амал аз рӯи қонун аст?” – мегӯяд ӯ.
Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Нурмаҳмад Умронов рӯзи 3-юми октябр дар суҳбати телефонӣ “облава” шудани зердасташ, муҳосиби беморхона Ризвон Бегалиевро қатъиян рад карда гуфт “ӯ бо хоҳиши худаш аз ҷои кор баромада рафтааст”.
- Бегалиевро “облава” накарданд, бо хоҳиши худаш рафтааст. Ӯ чанд вақт боз мехостааст хизмати Модар-Ватанро адо кунад, вале падару модараш садди роҳ мешудаанд. Вай фаҳмидааст, ки имрӯз рӯзи гусел аст, дар хона гуфтааст ба кор меравад, вале бо хоҳиши худаш ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудааст. Худаш хостааст, ки ба хизмат равад. Мо тарафдор, бигзор ҷавонон хизмати Модар-Ватанро адо кунанд, - гуфт Умронов.
Падари Ризвони “облавашуда” Нуралӣ Бегалиев, ки ду рӯз боз аз паси фарзандаш дар шаҳри Қурғонтеппа сарсону саргардон аст, субҳи имрӯз суханони сардухтурро дар мавриди монеъ шудан барои адои хизмати аскарии фарзандаш “дурӯғи маҳз” хонда, гуфт, ки ягон маротиба садди роҳи фарзандаш барои рафтан ба хизмат нашудааст ва “облава”-и писарашро маслиҳати пешакии роҳбарият ва сармуҳосиби беморхона арзёбӣ намуд.
- Рӯзи гузашта, соати 23-и шаб имкон шуд, ки дар Комисариати ҳарбии вилояти Хатлон бо Ризвон вохӯрам. Ба гуфтаи Ризвон, ягон рӯзи дигар сармуҳосиб ӯро ин қадар зиёд суроғ намекардааст. Субҳи рӯзи 3-юми октябр сармуҳосиб чанд маротиба ба Ризвон занг зада, дар куҷо буданашро пурсидааст. Баъди ба ҷои кор ҳозир шудан, сармуҳосиб ба куҷое занг зада, “омад” гуфтааст ва пас аз чанд дақиқа кормандони комиссариат ба утоқи корӣ ворид шуда, ӯро дошта бурдаанд. Ҳатто то ҳанӯз намедонем, ки телефони мобилиаш дар дасти кист, - гуфт Нуралӣ Бегалиев, падари Ризвон Бегалиев.
Бо вуҷуди муроҷиат бо комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ва тамоси зиёд имкон нашуд, ки бо комиссари ноҳия Гулов Дилшод вобаста ба ин қазия суҳбат кунем, вале дар қисми навбатдории комиссариат ба мо гуфтанд, ки “кадоме то ҳанӯз ба комиссариат омадааст, бо хоҳиши худаш омадааст, касе “облава” нашудааст”.