Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд нисбат ба ду корманди Комиссариати ҳарбии Панҷакент барои латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Икром Нодиров бар асоси моддаи 391-и КҶ ҶТ (Сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) ва Урунбой Тошев бар асоси моддаи 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) оғоз шудааст.
Сокини деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакӣ Саидалӣ Ҳақбердиев 4-уми ноябр ҳангоми зӯран ҷалб кардан ба сафи артиш аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ мавриди латукӯб қарор гирифта, дар натиҷа пардаи гӯшаш даридааст ва ӯ ду рӯз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон бистарӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар комиссариати ҳарбии Панҷакент ба мо хабар дод, ки подполковник Хуршед Қобилов, комиссари ҳарбии шаҳр, ки гуфта мешавад, дар қазияҳои латукӯби сокини деҳаи Яккахона Саидалӣ Ҳақбердиев, сокини деҳаи Сӯҷина Абдуҷаббор Рустамов ва сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент Бибимарям Ҳамроева даст дорад, аз вазифааш сабукдӯш гардидааст. Сарчашма афзуд, ки баъд аз расонаӣ шудани латукӯби се сокини шаҳри Панҷакент дар ҳафтавори «Фараж», тибқи супориши вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо комиссияи вижае ба ин шаҳр омада, тайи чанд рӯз қазияҳоро баррасӣ кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷабрдидагон дар баробари он, ки ба прокуратураи ҳарбӣ оид ба латукӯб шуданашон аризаҳои шикоятӣ ирсол доштаанд, инчунин ба ҳафтаномаи «Фараж» низ шикоят карда буданд. Ҳафтаномаи мазкур шикояти ин нафаронро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, оид ба ҳодисаҳои рухдода мавод интишор карда буд.
Як манбаъи дигар дар Вазорати мудофиаи ҶТ хабари барканор шудани Хуршед Қобиловро аз мақоми комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки зиёда аз 4 моҳ пеш ба ин вазифа таъин гардида буд, тасдиқ кард. Ҳамзамон сардори шуъбаи ҷавонони ин комиссариат Далер Мирватов низ дар пайи ин қазияҳо аз вазифа озод карда шудааст.
Асли ду моҷарои ахир аз чӣ иборат буд?
Латукӯби падари сарбоз
Абдуҷаббор Рустамов, як сокини 55-солаи деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, бар асари латукӯби комиссари ҳарбии ин шаҳр подполковник Хуршед Қобилов ҷароҳат бардошта, ба гуфтаи худи ҷабрдида, дандонаш низ шикастааст.
Сабаби ин қазияро ҷабрдида Абдуҷаббор Рустамов, ки дар шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент қарор дошт, ба мо чунин шарҳ дод: «Фарзандам Акбар барои муздурӣ ба Русия рафта буд. Рӯзе раиси ҷамоати деҳоти Сӯҷина Садриддин Малихонов ба ман гуфт, ки шуморо комиссар наздаш мехонад. Чун рафтам, Хуршед Қобилов ба ман гуфт, ки “писаратро фарёд кун, бояд омада хизмат кунад”. Ман гуфтам, ки охир ӯ нав рафту ҳоло кор накардааст. Ба замми ин писарам 40000 рубли русӣ харҷ кардааст ва бояд онро кор кунад. Дар ҷавоб комиссар гуфт, ки “агар набиёрӣ, туро 14 000 сомонӣ ҷарима ва боз писаратро ба армия мефиристем”. Ман маҷбур фарзандамро ба Ватан даъват кардам. Чунки комиссар гуфта буд, ки писаратро ба ягон ҷойи наздик мефиристем. Ман бовар доштам, ки фарзандам ба ягон ҷойи нағз, ҳадди ақалл дар қисми низомии худи Панҷакент хизмат мекунад. Хамин тавр худам писарамро барои хизмат гусел кардам».
Ба қавли Рустамов, рӯзи ташхиси комиссияи тиббӣ писараш аз дарди гӯш шикоят мекард, вале ба ин нигоҳ накарда, ӯро ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд фиристоданд. Вай афзуд: «Аз комиссияи тиббии вилоят фарзандам Акбар аз сабаби касалии гӯшаш мегардад. Писарамро ба беморхона хобондем. Маротибаи дуюм табобаташ тамом нашуда, писарамро боз кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба хизмат мефиристанд. Ин навбат дар комиссариати вилоят ба Акбар муомилаи дағалона мекунанд ва ӯ аз он ҷо мегурезад. Баъдан аз комиссариати шаҳр ба ман занг зада, писарамро суроғ мекунанд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки “намедонам, ӯро ба хизмат бурдед, шумо бояд донед, ки дар куҷост”. Сипас боз телефон шуд ва маро ба комиссариати шаҳр даъват карданд. Ба андешаи он, ки шояд писарам омада бошад, ба военкомат рафтам. Дар ҳуҷраи кории комиссар бо одоби салом ворид шудам. 3 нафар дар ҳуҷраи комиссар нишаста буданд, ки яке аз онҳо бо либоси ғайринизомӣ буд».
Ба нақли ҷабрдида, комиссар Хуршед Қобилов бо дағалӣ ба ӯ чунин гуфтааст:
Баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ, комиссар мегӯяд, ки “инро баред аз ин ҷо, баёноташро гиред”.
Рустамов идомаи қазияро чунин баён кард: «Сипас Далер ном корманди комиссариат маро ба як ҳуҷра бурд ва дар он ҷо низ баҳсамон давом ёфт. Ман дар курсие нишаста, бо вай суҳбат доштам. Ин лаҳза комиссар Хуршед Қобилов даромада, ногаҳон як мушт маро зад. Аз курсӣ афтидам. Комиссар ба ин қаноат накарда, бо лагад ба сару рӯям зад ва бардошта, боз як-ду мушти дигар фаровард».
Ба қавли Абдуҷаббор Рустамов, баръало маълум буд, ки он замон комиссар нӯшокии спиртӣ нӯшида буд ва бӯйи он зиёд эҳсос мешуд.
Чун аз макони будубоши фарзандаш Акбар пурсон шудем, ӯ гуфт: «Ман намедонам, ки вай дар чӣ ҳол асту дар куҷо қарор дорад».
Навҳаи модари муштипар
Модари 54-сола Бибимарям Ҳамроева, сокини рустои Чорбоғи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент мегӯяд, бар асари латукӯби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент дар беморхонаи амрози қалби шаҳр бистарӣ шудааст.
Ҳангоме ки мо ба беморхона омада, ворид палата шудем, Бибимарям аксҳои писаронашро пеши худ гузоштаву зор-зор мегирист ва бо навҳаи ҷонсӯз рӯ ба сӯйи осмон мегуфт:
- Эй Худо! Ин чӣ бедодгариву беадолатӣ, ки ду фарзандамро комиссариат ба аскарӣ фиристоду боз мани бечораро зада, афгор карданд.
Ин ҳолатро ҳампалатаҳояш дида, мехостанд ӯро ором созанд. То ин ки, ба қавли онҳо, фишори Бибимарям хуруҷ накунаду қалбаш иллат набинад.
Заноне, ки дар ин палата ҳамроҳи ӯ буданд, мегӯянд, ҳоли ин модари зор ҳама рӯз чунин аст. Баъд аз ором кардани Бибимарям аз ҷониби хоҳараш Нуриниссо, ӯ мақсади моро шунида, бо чашмони абгор ва фиғони аламовар гуфт, ки соҳиби 8 фарзанд - 4 духтар ва 4 писар мебошад. Ба қавли ӯ, рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ фарзанди сеюмаш - Шоҳимардон Аллаёровро кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ба тариқи «облава» дастгир карда, ба нуқтаи даъват бурдаанд. Агарчи фарзанди дуюмаш Турсуналӣ Аллаёров рӯзи 2-юми ноябр бо хоҳиши худаш ба хидмати аскарӣ рафтааст.
Пас аз овардани писараш ба комиссариат, ба нақли модар, ӯ бо як азоб вориди нуқтаи даъват шудааст. Баъди писарашро дидан аз кормандони комиссариат хоҳиш кардааст, ки ӯро ба назди комиссар бубаранд, зеро чашмони фарзандаш олус ва хира буда, ҳамчун бемор дар қайди духтур мебошад.
Аммо кормандони комиссариат, ки 4 нафар буданд, ӯро шунидан ҳам нахостанд. Вай афзуд: «Ба ҷойи он ки ман, як модари муштипарро ба назди комиссар баранд, ба ҳангоми гусели фарзандам дастонамро пахш ва маро латукӯб карданд, ки яке аз онҳоро Далер ном мебурданд. Баъд аз ин ман дар ҳолати беҳушӣ будам. Хоҳаронам ин ҳолатро дида, маро аз зери пойи ин нафарон халос карданд. Куртаву нимтанаам аз ин кашокашҳо пора шуд, ки ман онро ҳамроҳи худ нигоҳ доштам».
Дар ҳамин ҳол шоҳиди латукӯб - Нуриниссо, хоҳари Бибимарям, қиссаи талхи апаашро шунида, бо алам гиристу гуфт, ки хонаводаи Бибимарям хеле ниёзманду камбизоат аст. Шавҳари апааш - Абдуманнон Аллаёров 10 сол пеш ба Русия ба мардикорӣ рафтаву то ҳол бедарак аст. Ба нақли Нуриниссо, Бибимарям дар мактаби деҳа ба ҳайси фаррош кор карда, бо маоши ночиз аҳли хонаводаашро саробонӣ мекунад. Вай афзуд:
- Мо ҳамроҳи апаам ба он ҷо рафтем. Апаам бо азобе вориди нуқтаи даъват шуду мо пушти дарвоза мондем. Аз роғи дарвоза ҳамаи ҳодисаро мушоҳида мекардем. Ниҳоят бегоҳӣ, ҳангоми гусели фарзандаш, апаам хост бо писараш ба Хуҷанд равад, то исбот кунад, ки чашмони фарзандаш бемор буда, дар қайди духтури чашм аст. Ҳамин лаҳза 4 корманди комиссариат монеъи роҳи ӯ шуданду апаамро бо дӯғу дашном ба ҳар тараф кашола карда, заданд. Ман аз паси дар ин ҳолатро дида, фиғон кардам ва бо зӯрӣ аз дарвоза дарун даромадаму апаамро аз зери пойи онҳо халос кардам. Кӣ ба ин рафтори ғайриқонунии кормандони комиссариат ҷавоб мегӯяд? Мо намедонем. Чунки ба доди мо то ба имрӯз касе намерасад. Баъд аз ин ҳодиса ҳамроҳи апаам ба беморхона рафтам.
Бибимарям Ҳамроева инчунин гуфт, оид ба қазияи латукӯб шуданаш ба додситонӣ аризаи шикоятӣ супурдааст ва нусхаи онро ба мо нишон дод. Дар он қазияи латукӯб ва таҳқиру суханҳои қабеҳи 4 нафар айнан оварда шудааст. Вақте онро хондем, аз чунин рафтору гуфтори кормандони дар тан либоси низомӣ дошта хеле мутаҳайир шудем. Суханони қабеҳи онҳоро бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ дар ин мақола намеорем.
Прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода гуфт, дар ҳақиқат аз номи ин зан ба прокуратура аризаи шикоятӣ ворид шуда буд ва он аз рӯйи салоҳияташ оҷилан ба Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд ирсол шуд.
Хонум Ҳамроева мегӯяд: «Ба ҳукумати шаҳр низ муроҷиат кардам. Рӯзи қабули раиси шаҳр Хисрав Абдуназар буд ва баъд аз шунидани арзи ман супориш дод, ки масъаларо баррасӣ кунанд. Аммо то ба имрӯз чорае наандешидаанд. Сипас вазъи саломатиам хеле бад шуд. Ҳоло дар беморхона бистариям. Фишорам хеле баланд асту ба гуфтаи духтурон дар ҳолати стрессам».
Пизишконе, ки дар беморхонаи амрози қалб Бибимарямро табобат мекунанд, гуфтанд, ки дар ҳақиқат ин бемор дар ҳолати стресс аст, аз ин рӯ, бо вуҷуди дорую дармон гирифтанаш, фишораш зуд-зуд боло меравад. Бинобар ин, таппиши қалбаш ҳам аз меъёр зиёд буда, ӯро ҳар замон азият медиҳад.
Дар ҳамин ҳол хостем бо комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, подполковник Хуршед Қобилов муосиҳиба карда, ба ин қазия равшанӣ андозем.
Ӯ ҳангоми суҳбат гуфт: «Магар шумо адвокат ҳастед? Барои ин қазияро рӯшан сохтан на шумо, балки адвокатҳо ё суду прокуратура бояд машғул шаванд. Шумо наметавонед ин қазияро баррасӣ кунед. Дигар ин ки Далер Мирватов, агар ин корро карда бошад, бигзор худаш ҷавоб гӯяд».
Гуфтам: «Ӯро ин ҷо даъват кунед». Комиссар гуфт, вай айни замон несту шояд ба прокуратура ё ҷойи дигар рафтааст. Дар посух ба ин суол, ки «Чаро дар комиссариати ҳарбӣ тайи як моҳи ахир чанд мавриди латукӯб сурат гирифтааст?», вай гуфт: «Ин хел ҳодисаҳо мешад, баъд чӣ? Сарқонун ҳай, қонун ҳай… дида мебурод, шумо ташвиш накашед».
Раиси ҷамоати деҳоти Косатарош Абдурофеъ Исрофилов ҳангоми суҳбат бо мо гуфт, рӯзе, ки фарзанди Бибимарям Ҳамроева - Шоҳимардон Аллаёровро кормандони милисаву комиссариат «облава» карданд, ҷамоати онҳо нақшаи даъватро пурра ба анҷом расонида буд. Аз ин хотир, гуфт ӯ, чунин рафтори облавачиён ноҷову ғайриқонунӣ мебошад.
«Ман ба комиссияи тиббии даъват ва комиссар Хуршед Қобилов ҳарчанд гуфтам, вале онҳо маро гӯш накарданд. Аз чӣ сабаб бошад, ки ин ҷавони беморро ба хизмати аскарӣ равон карданд. Ҳол он ки нақшаи даъватро мо 135 дарсад иҷро карда будем ва ман илоҷе карда натавонистам, ки фарзанди Бибимарямро боздорам. То кунун аз ин ҳолат виҷдонам маро азоб медиҳад. Зеро ин ягона фарзанди хонум Бибимайрам аст, ки бори зиндагии оилаашонро ба дӯш доштаву ноновари ин хонадони камбизоат буд», - изҳор дошт раиси ҷамоат.
Бибимарям Ҳамроева танҳо нафаре нест, ки тайи 2 моҳи охир аз сӯйи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент мавриди латукӯб қарор мегирад. Ба ҷуз ин модари муштипар, хонаводаи Саидалӣ Ҳақбердиев ва Абдуҷаббор Рустамов нисбат ба латукӯб шуданашон на танҳо аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ, балки худи комиссар Хуршед Қобилов ба додситонӣ шикоят бурдаанд.
Афроди ҷабрдида ҳамчунин барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ ба Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар шаҳри Хуҷанд низ муроҷиат кардаанд. Як тан аз вакилони мудофеъи ин созмон ба Панҷакент омадаву бо ҷабрдидагон суҳбат доштааст ва гуфтааст, ки ба онҳо тибқи дархосташон кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон аз ҷониби «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» расонида мешавад.