Оғози тарҳе сесола барои маҳви кӯдакозорӣ дар зиндонҳои Осиёи Миёна

Оғози тарҳе сесола барои маҳви кӯдакозорӣ дар зиндонҳои Осиёи Миёна

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз роҳандозии тарҳе сесола дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки ҳадафи аслияш аз байн бурдани хушунат алайҳи кӯдакон дар муассисоти баста аст.

Ин тарҳ бо кумаки Иттиҳодияи Урупо аз сӯйи созмонҳои Маркази ҳуқуқи кӯдакон, Омбудсмани Тоҷикистон ва Идораи Байналмилалии Ислоҳот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна ба иҷро дармеояд.

Гулчеҳра Раҳмонова, раиси барномаҳои ҳуқуқии созмони ғайридавлатии Маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар се кишвари Осиёи Миёна - Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 30 ҳазор кӯдак дар муассисоти баста ба сар мебаранд.

Хонуми Раҳмонова ҳангоми муъаррифии тарҳи "Маҳви тадриҷии кӯдакозорӣ дар муассисоти баста" гуфт, ки натоиҷи пажӯҳиши ин созмон ҳокӣ аз эҳтимоли мавриди хушунат қарор гирифтани беш аз 65 дарсади кӯдакон дар ҷараёни бархурд бо системи интизомӣ ва додгоҳӣ дар Тоҷикистон аст.

Ӯ мегӯяд: "Дар ҷараёни пажӯҳиш, мо дар миёни 56 кӯдак назарсанҷӣ доир кардем ва 37 нафари онҳо изҳор доштанд, ки мавриди хушунат ё озор қарор гирифтаанд. Дар миёни пурсидашудагон на танҳо кӯдаконе буданд, ки дар муассисоти баста ба сар мебаранд, балки кӯдаконе ҳам буданд, ки бо системи қазоӣ бархурд кардаанд."

Яке аз охирин қазияҳои марбут ба озору шиканҷаи кӯдакон дар Тоҷикистон бо маҳкумияти як маъмури пулиси ноҳияи Ёвон барои 7 сол ба зиндон анҷомид. Машраб Алиев дар озору шиканҷаи як боздоштии ноболиғ муҷрим дониста шуд. Ин корманди пулис дар соли 2012 Хушвақт Маҳмадсаидов, як сокини 16-солаи ноҳияи Ёвонро, ба занни дуздӣ боздошт карда ва мавриди шиканҷа қарор додааст.

Ин фарди ноболиғ пас аз бозпурсӣ ба хона баргашта ва аз "тарси шиканҷаи" корманди пулис, ки ӯро дузд гуфта буд, талоши худкушӣ кардааст, аммо пайвандонаш аз ин амал огоҳ шуда, ӯро наҷот додаанд.

Ҳоло танҳо дар мактаб ва донишкадаи вижа барои кӯдакони ба истилоҳ "душвортарбият"-и Тоҷикистон 107 кӯдаки аз 11 то 16-сола зиндагӣ мекунанд

Ба гуфтаи кормандони Маркази ҳуқуқи кӯдакони Тоҷикистон, Хушвақт Маҳмадсаидов дар ҷараёни шиканҷа шудан дар ноҳияи куляаш (гурдааш) осебҳои ҷиддӣ дида ва бо кумаки ин созмон ҷарроҳӣ шудааст.

Қарор аст базудӣ хонаводаи ӯ аз додгоҳ дархости ҷуброн барои осеби ҷисмонию маънавӣ кунад.

Иттилоъ дар бораи теъдоди кӯдаконе, ки дар зиндони кӯдаконаи Тоҷикистон ба сар мебаранд, сиррӣ аст, аммо ҳоло танҳо дар мактаб ва донишкадаи вижа барои кӯдакони ба истилоҳ "душвортарбият", ки кӯдакон онҷо бо тасмими кумисиюни вижа мунтақил мешаванд, 107 кӯдаки аз 11 то 16-сола зиндагӣ мекунанд.

Тарҳи сесолаи мубориза бо хушунат алайҳи кӯдакони зиндонӣ дар се кишвари Осиёи Марказӣ дар ду ҷиҳат - ислоҳи қонунгузории системи қазоӣ барои кӯдакон ва иҷрои қонун анҷом мешавад.

Яке аз умдатарин чолишҳои пеши рӯйи мудофеъони ҳуқуқи кӯдак дар заминаи қонунгузорӣ манъи нигаҳдории кӯдакон дар якҷоягӣ бо бузургсолон ва дар селулҳои инфиродӣ ва коҳиши моддаҳои қонунест, ки маҳрумияти кӯдаконро аз озодӣ дар назар дорад.

Ба гуфтаи мутахассисон, қавонини Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки маъмурони зиндони кӯдакон онҳоро ба муддати то 7 шабонарӯз дар селулҳои инфиродӣ нигаҳ доранд ва дар бархе маворид иҷоза медиҳад, ки кӯдакон дар як утоқ бо афроди бузургсол ба сар баранд.

Азамат Шамбилов, намояндаи Идораи Байналмилалии Ислоҳот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна дар ин бора гуфт: "Ин ки кӯдакон ба хотири ин ё он гуноҳашон аз озодӣ маҳрум шудаанд, худ як ҷазои сангин аст ва фиристодан ба селули инфиродӣ ҷазои изофист, ки қобили қабул нест. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон системи зиндонҳо барои аз байн бурдани ҷазои изофӣ селулҳои инфиродиро аз байн мебаранд. Аммо мо мехоҳем, ки ҳадди ақал кӯдакон ба ҳангоми адои ҷазо муҷозоти изофӣ нашаванд."

Ин ҳуқуқдон афзуд, ки таҷруба нишон дода, ки будани кӯдакон дар як сохтмон бо афроди бузургсол дар муассисоти баста барои кӯдакон риски бузург дорад, зеро бузургсолон метавонанд баосонӣ аз нотавонии онҳо суиистифода кунанд ва онҳоро мавриди азияту озор ва ҳатто таҷовузи ҷинсӣ қарор бидиҳанд.

Яке дигар аз аҳдофи мудофеъони ҳуқуқи кӯдакон коҳиши муҳлати ҳадди аксар барои муҷозоти кӯдакон аст. Ҳоло дар Тоҷикистон кӯдакон метавонанд ҳадди аксар то се сол аз озодӣ маҳрум шаванд.

Барои нигоҳ доштани "кӯдакони ноқизи қонун" дар ин кишвар чаҳор муассисаи баста вуҷуд дорад, ки дар онҳо кӯдакон ва навҷавонони аз 11 то 18-сола ба сар мебаранд.

Ин муассисаҳо аз зиндони вижа барои кӯдакон ва навҷавонони аз 11 то 18-сола, мактаби вижа барои кӯдакони "душвортарбият", донишкадаи тахассусӣ барои кӯдакон ва навҷавонони "душвартарбият"-и аз 11 то 16-сола ва муассисаи ҷудогона барои духтарон иборатанд.

Би-би-сӣ