Омбудсмен: Аз ҳоли Зарафо Раҳмонӣ хабар гирифтем

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, аз вазъи нигоҳдории Зарафо Раҳмонӣ, масъули боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар гирифтаанд.

Ҷаноби Ализода имрӯз, 8 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт, дар бораи вазъи бади саломатии хонум Раҳмонӣ дар боздоштгоҳ аз расонаҳо огоҳӣ ёфта, муайян намудаанд, ки вазъаш хуб аст. Омбудсмени тоҷик афзуд, муассисаҳои ислоҳӣ бахшҳои тиббии худро доранд ва барои интиқоли боздоштшудаҳо ба ҷойи дигар ё беморхона хулосаи табибони ин муассисаҳо зарур аст. Ализода илова намуд, як масъули ниҳоди тобеаш пайваста аз вазъи маҳбусону боздоштшудаҳо хабар гирифта, бо ниҳодҳои дахлдор дар ин масъала ҳамкорӣ мекунад.

Қаблан Гулдаста Хоҷаева, хоҳари Зарафо Раҳмонӣ аз вазъи бади саломатии боздоштшуда хабар дода, иддаои мақомот ва вакили мудофеъро дар бораи саломатии хуби Зарафо шубҳаовар хонд: “Агар саломатии Зарафо хуб бошад, пас, чаро ман ҳар ҳафта як халтаӣ дору барои ӯ мебарам?”

Бино ба хабарҳои расида, Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ айб эълон кардааст. Хонум Раҳмонӣ тибқи моддаи 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва моддаи 189 қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ) муттаҳам мешавад.

Зарафо Раҳмонӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз фаъолони дигари ҲНИТ баъд аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа – Абдуҳалим Назарзода ё “Ҳоҷи Ҳалим” боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябри соли равон гуфт, алайҳи дастгиршудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Ozodagon