Омори шубҳанок ва баҳси “буду набуд”-и шиканҷа дар Тоҷикистон

Мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ роҳҳои пешгирӣ аз шиканҷаро баррасӣ карданд.

Дар чор соли охир, нисбати 9 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа (моддаи 143, иловаи 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ҷазо гирифтаанд. Масъулони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, аз аҳолӣ дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ 40 шикоят гирифтаанд. Прокуратура гуфт, аз қариб 20 шикояте, ки давоми 1,5 сол дар бораи шиканҷа гирифтанд, ҳеҷ яке тасдиқи худро наёфт.

Ин арқоми ба ҳам зид, дирӯз, 25-уми октябр, дар ҳамоиши байналмилалие дар Душанбе, ки таҳти унвони "Муқовимат ба шиканҷа: амалҳо ва дастовардҳо" баргузор гардид, ироа шуд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид давлати Тоҷикистонро барои бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳо танқид мекунад. Онҳо даъво доранд, ки дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд. Иддаое, ки дар ин конфронс мақомот рад карданд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Прокуратураи генералӣ ва Эътилофи зиддишиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузашт масъулини давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ будан ё набудани шиканҷаро дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Тоҷикистон баҳс карданд.

Ҷазои тақрибан 10 мақомдор барои шиканҷа

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон гуфт, дар 4 соли охир, дар доираи 4 парвандаи ҷиноятӣ нисбати тақрибан 10 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа (моддаи 143, иловаи 1) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ҷазо гирифтанд.

Ӯ афзуд, соли 2018 дар асоси 1 парвандаи ҷиноятӣ 2 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа ва соли 2019 дар асоси 2 парванда 4 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа ва зӯроварӣ нисбати боздоштшуда ва ё зиндонӣ ҷазо гирифтанд.

Ин мақомдор гуфт, соли 2020 ягон нафар дар асоси ин модда маҳкум нашудааст.

“Соли 2021 дар асоси 1 парванда 3 корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа ҷазо дода шуданд”, - зикр кард вай.

Лутфуллозода дар бораи арқоми соли 2022  иттилоъ надод ва маълум нест, ки соли равон чанд нафар корманди мақомоти интизомӣ барои шиканҷа маҳкум шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъули Прокуратураи генералии Тоҷикистон гуфт, соли 2021 ва 9 моҳи соли равон дар робита ба шиканҷа дар маҷмӯъ, 19 шикоят ворид шудааст, вале зимни санҷиш ҳеҷ кадоме тасдиқ нагардид. Намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки дар 2 соли охир 40 шикоятро дар бораи шиканҷа шудани боздоштшудаҳо сабт кардаанд.

Посухи Прокуратураи генералӣ дар бораи шиканҷаи рӯзноманигорон

Баҳси шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо дар Душанбе дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш, наздикони бархе аз рӯзноманигорони боздоштшуда гуфта буданд, ки онҳо зери фишор дар наворе ба гуноҳ иқрор шудаанд.

Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номае, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, чӣ гуна шиканҷа шуданашро нақл кардааст.

"Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам,” – навиштааст ӯ.

Дар ҳошияи ин нишаст, Файзалӣ Давлатзода, корманди Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон шикоят нагирифтанд.

"Дар ҳақиқат, дар матубот хондем, вале расман шикоят нашудааст. Тибқи талаботи қонун, агар вобаста ба шиканҷа шикоят шавад, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор мегирад", - афзудааст Файзалӣ Давлатзода.

Суди олӣ: “Ин “факт”-ҳо аз ҳаво нест”

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Лутфуллозода гуфт, дар тақрибан 5 соли охир онҳо ҳудуди 40 дархост вобаста ба шиканҷаи судшавандаҳоро барои баррасӣ ба прокуратура ирсол кардаанд. Маълум нест, ки дар асоси ин дархост чанд нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Вай афзуд, соли 2018 вобаста ба шиканҷаи судшавандаҳо 10 дархост қабул карданд ва танҳо 6 адади онро барои баррасӣ ба прокуратура ирсол намудаанд. Дар бораи 4 дархости дигар чизе нагуфт ва ба эҳтимоли зиёд, онҳо тасдиқи худро наёфта, рад шудаанд.

“Дар соли 2019 вобаста ба шиканҷа шудани судшавандаҳо 20 дархост қабул карда, 14-тои онро барои санҷиш ба прокуратура ирсол кардем. Дар солҳои 2020-2021 11-тоӣ дархост қабул кардем ва ҳамаи онро ба прокуратура барои санҷиш ирсол намудем”, - зикр кард муовини якуми раиси Суди Олӣ.

Номбурда гуфт, дар 6 моҳи соли 2022 5 дархости баррасии истифодаи шиканҷа нисбати судшавандаҳоро қабул карда, барои санҷиш ба прокуратура ирсол кардаанд.

“Яъне ин “факт”ҳо аз ҳаво нест, иҷроиши қарори Пленуми Суди Олӣ зери назорат аст ва иҷро шуда истодааст”, - хулоса кард ӯ.

Шикоят аз шиканҷа ба хотири кашол додани мурофиа

Шариф Қурбонзода директори Институти Прокуратураи генералӣ гуфт, баъзе аз судшавандаҳо ба хотири кашол додани муҳлати мурофиа чунин дархостҳо ирсол мекунанд, ки ба гуфтаи ӯ, ин ташвишовар аст.

“Мо вақти зиёд сарф мекунем, коршиносҳо меёбем, аз сари нав муоинаи тиббӣ мегузаронем, баёнотҳои иловагӣ мегирем, маълум мешавад, ки онҳо дар мувофиқа бо ҳимоятгаронашон барои кашол додани мурофиа чунин кардаанд”, - гуфт Қурбонзода.

Вай гуфт, навобаста ба ин, ҳама гуна дархосту шикояти таъиноти судӣ вобаста ба шиканҷа  мавриди санҷиши дақиқ қарор  дода шуда, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдори мурофиавӣ қабул мешавад.

Ин масъули Прокуратураи генералӣ дар мавриди натиҷаи санҷиши дархостҳое, ки Суди Олӣ давоми тақрибан 5 сол ба онҳо фиристод маълумот надод.

Вакили дифоъ: “Шиканҷа фоҷеа аст”

Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъ ва мудири созмони ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ”, афзуд,  на ҳама шикоят аз шиканҷа ба додгоҳ мерасад ва сабабҳояш низ гуногун аст.

“Яке аз онҳо набудани далели шиканҷа, новобаста ба хулосаи тиббӣ аст. Дигар фишор ба даъвогар, набудани маблағи кофӣ, набудани донишҳои ҳуқуқӣ ва ғайра. Инҷо яке гуфт, дар Тоҷикистон шикоят аз шиканҷа ҷо дорад, вале фоҷеа нест. Ин фоҷеа аст, фоҷеа на танҳо ба худи шиканҷашуда, балки ба хонаводаи ӯ. Мутаассифона, созмонҳои ҳуқуқӣ наметавонанд, мустақилона тафтишот баранд,” – илова кард ӯ.

Фахриддин Зубайдзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, дар ду соли охир дар зиндонҳои кишвар ягон мавриди шиканҷа нисбати маҳбусон сабт нашудааст ва дар утоқҳои ҷаримавӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, ҳамаи амали зиндонбонҳо назорат мешавад.

Ошкоршавии 58 ҳолати латукӯби сарбоз дар қисмҳои ҳарбӣ

Файзалӣ Давлатзода  гуфт, дар соли 2021 тариқи телефони боварие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ амал мекунад, 58 ҳолати содиршавии ҷиноятҳои марбут ба латукуби сарбозон ошкор гардида, аз рӯйи ҳар як ҳолат парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Тарзи усулҳо ва сабабу шароитҳои содиршавии ҷиноятҳо аслан якранг ва шахсони онҳоро содирнамуда сарбозони аз як сол бештар хидматкарда буда, онҳо танҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ, муҳайё намудани шароити муносиби хизмат барои худ ва аз ҷониби сержантҳо, пропоршику афсарон бошад, ин сӯистифода аз ҳокимият ба хизматчиён мебошад”, - гуфт ин масъули Прокуратураи генералӣ.

Ӯ гуфт барои ошкор ва пешгирии чунин кирдорҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва гунаҳкорон ҷазо дода мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар як гузориши тозае чанде пеш гуфт, дар се соли ахир 639 мансабдорро, ки ҷиноятҳо дар қисмҳои низомиро пинҳон кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Дар панҷ соли ахир 182 ҷиноят ошкор шудааст, ки афсарону прапоршикҳо дар латукӯби тобеони худ даст доштаанд.

Мақомот ҳар дафъа марги сарбозонро ба бемории онҳо рабт медиҳанд ва ё ҳодисаи тасодуфӣ мегӯянд.

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Asia-Plus

Asia-Plus