Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Руз ба хайр!
Ҳамин тавр, имрӯз мо дар бораи викторинаи дарпешистодаи онлайн сӯҳбат хоҳем кард. Максади гузаронидани викторина ин мустахкам намудани маводҳои қабулшуда дар доираи чорабинии иттилоотии "Ман ва ҳуқуқҳои ман" мебошад.
Кай ва дар куҷо? - 1 июни соли 2022 соати 14:00 дар платформаи ZOOM бо истинод вомехурем - https://us05web.zoom.us/j/89222241096?pwd=RDBMMmJScFdKK3NFdHJtOUtYNTYrZz09
Чихел мешавад? - Мо ба Шумо каме дар бораи барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман" нақл мекунем ва бо истифода аз Kahoot санҷиш мегузаронем.
Тибқи бахши "барои қурбониёни зӯроварӣ" ва 4 зербахши тестӣ тартиб дода мешавад. Саволҳои викторина аз руйи қисмати "Барои ҷарои ҷабрдигон аз шиканҷа" ва 4-зерқисмати он тартиб дода шудаанд.
Кӣ метавонад иштирок кунад? - Синну соли иштироккунандагон аз 25 сола ва аз ин калонтар бояд бошанд.
Чӣ кор бояд кард? - Вазифаи шумо ин аст, ки қаблан барномаи мобилиро дар таҷҳизотҳои мобилии худ насб намуда дар рафти викторина бо мундариҷаи он шинос шавед, қайдҳо кунед ва дар викторинаи онлайнӣ иштирок намоед. Ҳамаи шартҳоро мо дар вақти вохурӣ шарҳ медиҳем.
Ғолибон якчанд хоҳанд буд ва албатта мо барои иштирокчиёни фаъолтарин мукофотҳо омода намудаем - 3 адад соатҳои интелектуалӣ Шуморо интизоранд.
Ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.