Article Pages

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии ду афсари милисаро, ки ба шиканҷаи як ҷавон муттаҳам мешуданд, қатъ кардааст. Додситонӣ гуфтааст, азбаски дар ҷараёни тафтиши парванда иттиҳомот ба зидди Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Ҳайдаров, муфаттишони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон исбот нашуд, додситонӣ ба ин натиҷа расид, ки ҳарду нафар гуноҳе накардаанд ва набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида...

14.01.2019 - 14:01

Додситонӣ як муфаттиши умури дохилии шаҳри Турсунзодаро ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки ба гуфтаи мақомот, 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт қарор дошт, муттаҳам кард. Шералӣ Азизов, корманди Бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, дастгир шудааст. Азизов ба ин муттаҳам мешавад, ки дар пайи ошкор кардани қотили Дмитрий Каримов, пешхидмати 42-сола дар моҳи ноябри соли 2017 Ҳасан...

12.01.2019 - 15:00

Рӯзи 11-уми январи соли 2019 бо ташаббуси Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри баррасии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 вохӯрии корӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз...

11.01.2019 - 14:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нав самимона табрику таҳният мегӯяд!    Дар ин марҳилаи рамзӣ, ки ҳамаи мо хулосабарорӣ кардаву натиҷаҳои фаъолияти солонаамонро баҳогузорӣ менамоем, ба Шумо руҳияи ояндабинона, энерҷии зиёд барои амалӣ намудани фаъолиятатон орзумандем. Бигзор барои амалӣ намудани нақшаҳои беохиру...

29.12.2018 - 14:21

Аз 17 то 28-уми декабри соли 2018 аз ҷониби Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон озмун гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он рӯзи 28-уми декабри соли 2018 эълон гардид. Дар моҳи декабр мо дар баннерҳо ва овезаҳои рекламавии пойтахт яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар...

29.12.2018 - 11:00

Мақомоти интизомии Қирғизистон як муфаттиши собиқи тоҷикро, ки ба шиканҷаву бадрафторӣ муттаҳам мешуд, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Шуҳрат Шамсиддинов, майори милиса ва муфаттиши собиқи Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд, ки баъди як соли фирор дар қаламрави кишвари ҳамсоя дастгир шуд, моҳи ноябр истирдод шудааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи истифода аз шиканҷаро...

27.12.2018 - 14:58

Душанбе, 19-уми декабри соли 2018. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр дар мавриди натиҷаҳои ҷамъбасти лоиҳаи «Коркарди намунаи муқаддамотии маҷмуаи муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи...

19.12.2018 - 14:37

Хабарҳои беҳтарини мо барои шумо! Мо тасмим гирифтем, ки пеш аз соли нав 15 туҳфа тақдим намоем! Дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шикаанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аксияи фарогир мегузаронанд. Дар овезаҳои пойтахт...

17.12.2018 - 12:00

Овезаҳо, машваратҳои ҳуқуқӣ ва вохӯриҳо, тақвими рӯимизӣ, аксия дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои иҷтимоӣ... Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 10-уми декабр бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо баргузор намуд. Овезаҳо дар шаҳри Душанбе: Дар 12 ноҳияи гуногуни шаҳри Душанбе овезаҳо...

15.12.2018 - 08:32

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 70-солагии қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳо мегузаронад. Дар давоми 12 рӯз, ҳамарӯза, оғоз аз 3-юми декабр мо дар торнамои худ - notorturetj.оrg ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ моддаҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро иқтибос оварда, дар...

14.12.2018 - 08:00

Страницы