Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон озмуни расмҳоро дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа», ки миёни ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла рассомон, тарроҳон ва дигар нафарони ихътисосҳои эҷодӣ доир гардида буд, ҷамъбаст намуд.
Маҳдудиятҳои техникиву матолиб вуҷуд надоштанд. Корҳои анҷомёфта аз ҷониби Эътилоф бо тасмими инфиродиаш ва бидуни розигии муаллифон истифода бурда мешаванд (корҳо бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ бо зикри номи муаллифи расм ё овеза истифода мешаванд).
Ҳамагӣ 12 расм ворид гардид. Асосан иштирокдорон аз шаҳри Душанбе таълимгирандагони студияи «Арт-Дошан» ва вилояти Суғд (Хистеварз, ноҳияи Б. Ғафуров) буданд. Чун дар озмун нафарони синну соли гуногун (7-24-сола) иштирок намуданд, тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шаванд: футболкаҳо, бейсболкаҳо, рангҳои аrtistic acrylic paints, коғаз барои расмкашӣ ва маҷмуи молаҳо.
Ҳамаи корҳоро метавонед дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бубинед. Барои ин ба суроғаи www.notorturetj.org ворид шавед ё ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бингаред:
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj