Парвандаи «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир»: суд дархости адвокатҳоро оид ба баррасии парванде бе иштироки ҷавобгарон қонеъ кард

Дар замоне, ки марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодии ҶТ шикояти ТҶ «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир»-ро баррасӣ мекунад, адвокатҳо ҳамзамон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба зуҳури ҳолатҳои парванда муроҷиат карданд ва мурофиаи судӣ 18-уми май доир гардид.

Дар рафти мурофиаи судии навбатӣ суд дархости адвокатҳоро оид ба баррасии парванда бе иштироки ҷавобгарон қонеъ кард, зеро ду маротиба санаи мурофиаро таъин намуда буд, аммо намояндагони ҷавобгар ҳозир нашуданд. Ҷониби ҷавобгар оид ба сабаҳои иштирок накарданаш хабар надод, гарчанде дар бораи замон ва макони мурофиа пешакӣ огоҳ карда шуда буданд.

Ба ғайр аз ин, суд қарори қаблан қабулшударо дар мавриди он, ки баҳси мазкур ба ваколати суди иқтисодӣ дохил намешавад, бекор кард. Мурофиаи судии навбатӣ санаи 3-юми июн, соати 10:00 ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора адвокат Гулчеҳра Холматова хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки 19-уми апрели соли 2021 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» дар бораи беэътибор донистани санади санҷиш аз 25-уми январи соли 2021 дар қисми пардохти андоз ба маблағи 394179 сомонӣ ва қарори Кумитаи андози ҶТ таҳти №29, аз 29-уми январи соли 2021 ба Суди иқтисодӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод карда шуда буд.

Мо идомаи қазияро пайгирӣ хоҳем кард.