Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Синои пойтахт охири моҳи июл бо қарори худ қонеъ сохтани шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро дар бораи бекор кардани қарори тафтишот оид ба қатъи тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия дар мавриди далели фавти Хуршед Бобокалонов рад намуд.
Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, бо гузаштани як моҳ аз шикояти ӯ ба унвонии Прокуратураи генералии ҶТ дар бораи пешниҳод нагардидани ҷавоби Прокуратураи шаҳри Душанбе ба муроҷиат оид ба бекор кардани қарори қатъи тафтишот аз рӯйи далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов 16-уми июли соли 2021 адвокат ба посух ба муроҷиат аз номи Саодат Кулиева - модари Хуршед Бобокалонов интизор нащуда, дар асоси тавсияҳои қабулгардидаи Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо шикоят дар бораи бекор кардани қарор оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани тафтишоти нав аз рӯйи далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов ба Суди ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат намуд.
«Суди ноҳияи Синои пойтахт баъди баррасии муроҷиати Саодат Кулиева дар мурофиаи судӣ бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ ва муфаттиши Раёсати тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ 30-юми июли соли 2021 қароре баровард, ки қонеъсозии муроҷиати Саодат Кулиеваро рад мекунад. 6-уми августи соли 2021 аз номи Саодат Кулиева бо дархости бекор кардани қарори Суди ноҳияи Синои пойтахт ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод карда шуд»,- гуфт адвокат.
Таърихи фоҷиа
Ёдовар мешавем, ки 27-уми июни соли 2009 соати 22:00 Хуршед Бобокалонов аз толори варзишӣ бо ҷузвдон ба хона бармегашт. Дар хиёбони Рӯдакӣ ӯро гуруҳи посбонии милитсия манъ ва талаб кард, ки ашёҳои дар ҷузвдон доштаашро нишон диҳад. Вақте рад кард, миёни ӯ ва 10 нафар корманди милитсия занозанӣ рух дод. Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи истифодаи қувваи ҷисмонӣ Хуршед Бобокалоновро ба автомашинаи хизматӣ шинонида, ба ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ бурданд. Вақти расидан ба шуъба кормандони милитсия дарҳои қафои мошинро кушода, диданд, ки Хуршед Бобокалонов қай кардаву беҳуш хобидааст. Кормандони ба ҷои ҳодиса омадаи Ёрии таъҷилӣ марги Хуршед Бобокалоновро муайян карданд. Ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон изҳои ҷароҳатҳои баъди истифодаи зӯроварӣ аз ҷониби кормандони милитсияро мушоҳида намуданд. Шахсони гунаҳгор то имрӯз эълон карда нашудаанд.
Бо гузаштани тамоми механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар дохили ҷумҳурӣ, Саодат Кулиева 23-юми феврали соли 2015 бо мусоидати ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо шикояти фардӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати писараш Хуршед Бобокалонов, ки дар натиҷа ба марги ӯ оварда расонид, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кард.
10-уми марти соли 2020 пас аз гузаштани тартиби баррасии шикояти фардии Саодат Кулиева аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон Мулоҳизот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҷабрдида Хуршед Бобокалонов қабул гардид, ки баъдан ба мақомоти тоҷик фиристонида шуд.
Ба вокунише нисбати ин муроҷиатномаи СММ интизор нашуда, Саодат Кулиева 22-юми июни соли 2020 барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» муроҷиат кард, то мақомоти тоҷикро ба вокуниш ва иҷрои Мулоҳизоти СММ даъват намояд.
26-уми феврали соли 2021 адвокат бо дархости дар асоси тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ рад кардани қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани тафтишоти нав оид ба далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиатнома омода намуд.