Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аризаи Саодат Кулиева - модари Хуршед Бобокалонов, ки 12 сол пеш дар натиҷаи муносибати бераҳмона ҳангоми боздошт аз тарафи кормандони милитсия фавтид, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои баррасӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристонида шуд. Дар ин бора адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод.
Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, то 10-уми апрели соли 2021 дар мавриди қабули қарор аз рӯйи аризаи Саодат Кулиева Прокуратураи генералии ҶТ ҷавоб пешниҳод накардааст.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, 5-уми марти соли 2021 Саодат Кулиева бо дархости пешниҳод намудани посух ба ариза оид ба рад кардани Қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи далели фавти Хуршед Бобокалонов ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиат карда буд.
«Шахси масъули Раёсати назорати тафтишот ва санҷиш дар мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералии ҶТ шарҳ дод, ки аризаи Саодат Кулиева барои баррасӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст»,- мегӯяд адвокат.
Фоҷиаи дорои таърихи 12-сола
Ёдовар мешавем, ки 27-уми июни соли 2009 соати 22:00 Хуршед Бобокалонов аз толори варзишӣ бо ҷузвдон ба хона бармегашт. Дар хиёбони Рӯдакӣ ӯро гуруҳи посбонии милитсия манъ ва талаб кард, ки ашёҳои дар ҷузвдон доштаашро нишон диҳад. Вақте рад кард, миёни ӯ ва 10 нафар корманди милитсия занозанӣ рух дод. Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи истифодаи қувваи ҷисмонӣ Хуршед Бобокалоновро ба автомашинаи хизматӣ шинонида, ба ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ бурданд. Вақти расидан ба шуъба кормандони милитсия дарҳои қафои мошинро кушода, диданд, ки Хуршед Бобокалонов қай кардаву беҳуш хобидааст. Кормандони ба ҷои ҳодиса омадаи Ёрии таъҷилӣ марги Хуршед Бобокалоновро муайян карданд. Ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон изҳои ҷароҳатҳои баъди истифодаи зӯроварӣ аз ҷониби кормандони милитсияро мушоҳида намуданд. Шахсони гунаҳгор то имрӯз эълон карда нашудаанд.
Бо гузаштани тамоми механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар дохили ҷумҳурӣ, Саодат Кулиева 23-юми феврали соли 2015 бо мусоидати ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо шикояти фардӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати писараш Хуршед Бобокалонов, ки дар натиҷа ба марги ӯ оварда расонид, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кард.
10-уми марти соли 2020 пас аз гузаштани тартиби баррасии шикояти фардии Саодат Кулиева аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсон Мулоҳизот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҷабрдида Хуршед Бобокалонов қабул гардид, ки баъдан ба мақомоти тоҷик фиристонида шуд.
Ба вокунише нисбати ин муроҷиатномаи СММ интизор нашуда, Саодат Кулиева 22-юми июни соли 2020 барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» муроҷиат кард, то мақомоти тоҷикро ба вокуниш ва иҷрои Мулоҳизоти СММ даъват намояд.
26-уми феврали соли 2021 адвокат бо дархости дар асоси тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ рад кардани Қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани тафтишоти нав оид ба далели истифодаи шиканҷа нисбати Хуршед Бобокалонов ба Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиатнома омода намуд.