Паёмҳои беном қобили қабул нестанд

1. Давлати узви ҳамин Конвенсия ҳар вақт метавонад мувофиқи ин модда эълон намояд, ки вай салоҳияти Кумитаро оид ба гирифтан ва баррасӣ кардани хабарҳои шахсҳое, ки дар доираи ҳуқуқии он қарор доранд ва тасдиқ мекунанд, ки онҳо ҷабрдидаи поймол кардани муқаррароти Конвенсия аз тарафи Давлати узв мебошанд ё аз ин қабил хабарҳое, ки аз номи онҳо мерасад, эътироф менамояд. Кумита ин гуна хабарро қабул намекунад, агар онҳо ба Давлати узве, ки чунин баёния содир накардааст, мансуб бошанд.

2. Кумита ҳар гуна хабарро, ки беном фиристода шудааст ё аз нуқтаи назари вай иборат аз сӯиистифодаи ҳуқуқи пешниҳоди чунин хабарҳо аст ва ё бо муқаррароти ин Конвенсия носозгор мебошад, тибқи ин модда ғайри қобили қабул ҳисоб мекунад.

3. Бо назардошти муқаррароти банди 2 Кумита ҳар гуна хабари ба он пешниҳодшударо тибқи ин модда ба иттилои Давлати узви ин Конвенсия, ки тибқи банди 1 баёния содир намуда аст ва гӯё ин ё он муқаррароти Конвенсияро вайрон мекунад, мерасонад. Дар давоми шаш моҳ Давлати узв иттилоотро гирифта ба Кумита баёноти хаттӣ ё ариза пешниҳод карда, дар он ба масъала ва ҳар кадом тадбире, ки аз тарафи ин Давлат мумкин аст анҷом дода шавад, равшанӣ меандозад.

4. Кумита хабари дар партави ҳамаи ин иттилоот тибқи ин модда гирифташударо, ки аз тарафи шахси дахлдор ё аз номи ӯ ва Давлати дахлдори узв пешниҳод шудааст, баррасӣ мекунад.

5. Кумита ҳеҷ гуна хабарро аз ҳар кадом шахс тибқи ин модда баррасӣ намекунад, агар боварӣ надошта бошад, ки:

  1. ин масъала аз рӯи ягон дигар расмиёти тафтишот ё танзими байналмилалӣ баррасӣ нашудааст ва баррасӣ нашуда истодааст;
  2. ин шахс тамоми тадбирҳои мавҷудаи дохилии ҳимояи ҳуқуқиро истифода кардааст; ин қоида дар ҳолатҳое амал намекунад, ки татбиқи ин чораҳо беасос тӯл кашида мешавад ё гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад.

6. Ҳангоми баррасии хабарҳо аз рӯи ин модда Кумита маҷлиси пӯшида мегузаронад.

7. Кумита нуқтаи назари худро ба Давлати дахлдори узв ва шахси дахлдор мефиристонад.

8. Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ Давлати узви ҳамин Конвенсия мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро Давлати узв барои нигоҳдорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба Давлатҳои дигари аъзо ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби Генералӣ дар ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Ин гуна бозпас гирифтани баёния ба баррасии ҳар кадом масъалаи мавриди хабардиҳӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, набояд зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдие, ки ҳар гуна шахс ё аз номи ӯ фиристода мешаванд, тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби Генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар Давлати дахлдори узв баёнияи нав содир накарда бошад, пазируфта нахоҳад шуд.

Моддаи 22-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj