Пайвандони марзбони фавтида: Дар баданаш осори шиканҷаро мушоҳида накардем

Ҷасади як сарбози неруҳои марзбониро дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба пайвандонаш додаанд. Равшан Носиров даҳ моҳ пеш аз ноҳияи Деваштич ба Ишкошим ба аскарӣ рафта буд. Пизишкон сабаби марги ӯро "норасоии шадиди кори дилу роҳҳои нафас" гуфтаанд.

Радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои расмӣ хабар дод, ки марзбони тоҷик соати 2-и шаби 11-уми июл дар қисми ҳарбӣ ҷон бохтааст. Пайвандонаш гуфтаанд, ки баъди зуҳри ҳамон рӯз аз бемористони ҳарбии шаҳри Душанбе ҷасадро гирифта ва баъди як рӯз бе ташхиси иловагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич дафн кардаанд.

Ҳотам Носиров, падари сарҳадбони ҷонбохта рӯзи 18-уми июл дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки "як ҳафта пеш суҳбат карда будем ва гуфт, ки боз 86 рӯзи дигар мондааст. Оҳанги гуфтораш хуб буд ва аз ягон беморӣ шикоят надошт. Вай дар гузашта ба варзиши сабук шуғл меварзид ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меомад. Ростӣ, намедонам чӣ шудааст?".

Бо ин вуҷуд, пайвандони Равшан Носиров гуфтаанд, ки осори латукӯб ё шиканҷаро дар бадани фарзандашон мушоҳида накардаанд.

NoTorture.Tj