Пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: курси омодасозии кормандони тиббӣ ва шаҳодаткунонии қурбониёни шиканҷа

Лоиҳаи пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулии Эътилоф аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ҳамоҳангсозӣ мешавад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа инчунин Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор меравад, ки оид ба масоили расонидани кӯмак тибқи принсипҳои Протоколи Истамбулӣ кӯмаки машваратӣ мерасонад. Дар солҳои 2019-2020 фаъолияти барнома оид ба иҷрои принсипҳои Протоколи Истамбулӣ ба коркарди барномаи давлатии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва омодасозии кормандони тиббӣ, мусоидат ба коркарди санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои таъсис ва роҳандозии институтҳои ғайридавлатии ташхисҳои судӣ равона хоҳад гардид.

«Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва аъзои Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо мониторинги муассисаҳои тиббиро (шуъбаи травматологӣ, ёрии таъҷилӣ, марказҳои ташхиси судӣ-тиббӣ) дар Душанбе/НТМ (Турсунзода, Ваҳдат), вилояти Хатлон, инчунин дар вилояти Суғд (Хуҷанд, Исфара, Истаравшан) гузаронид. Мониторинг ба муайянсозии таҷрибаи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон, инчунин истифодаи амалии Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон равона гардида буд.

Аз ҷониби ҳуқуқшиносони «Маркази ҳуқуқи инсон» ва коршиносон - руҳшиносон таҳлили муқаррароти дохилии (18 муқаррарот) хадамоти руҳӣ, ки раванди ташкил намудан ва гузаронидани ташхисҳои руҳӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданиро тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ танзим мекунанд, гузаронида шуд. Аз ҷониби коршиноси байналмилалии ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» оид ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии хадамоти руҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузоришу тавсияҳо омода карда шуданд. Тавсияҳо ҳамчунин дар ҳар як банди мувофиқи муқаррароти хадамоти руҳӣ зикр ёфтанд. Ҳамзамон, коршиноси байналмилалӣ ба таври устувор дар бораи қабули Қонун оид ба ҳифзи саломатии руҳӣ тавсия дод. Тавсияҳои омодашуда барои қабули қарор дар оянда ба коршиносони руҳшиносу Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод гардиданд.

27-уми декабри соли 2018 бо Фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳти №1157 санадҳои меъёриву ҳуқуқии хадамоти руҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо дарназардошти тағйироту иловаҳо тасдиқ карда шуданд.

Соли 2015 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ ба маҳбусонро коркард намуданд. Вобаста ба қабули Кодекси нави тандурустии ҶТ зарурати бознигарии ҳуҷҷатҳо ба миён омад. Кор дар ин самт идома дорад.

Дар якҷоягӣ бо коршиносони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» моҳи январи соли 2018 барои адвокатҳо ва табибон оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббии шиканҷа даври омӯзишии 2-рӯза гузаронида шуд. Дар идома, бо адвокатҳо ва табибон як қатор вохӯриҳо гузаронида шуданд (11-14-уми июни соли 2018), ки дар онҳо коршиноси байналмилалӣ оид ба парвандаҳои алоҳидаи Эътилофи зидди шиканҷа машварат дод.

25-27-и июли соли 2018 дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодасозии мутахассисон тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ва махсусиятҳои гузаронидани мониторинги муассисаҳои тиббӣ тренинги серӯза гузаронида шуд. Дар тренинг 18 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 1 нафар адвокат ва 17 нафари боқимонда коршиносони судӣ-тиббӣ буданд.

1-уми майи соли 2018 бо фармони якҷояи Вазорати адлия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти №40\402 «Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ ба шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд ва боздоштшудагон» тасдиқ карда шуд. Қаблан тартиби мазкур тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ВА ҶТ ва аъзои Гуруҳи кории ВТ ва ҲИА ҶТ коркард гардида буд.

Иттилооти бештарро метавон дар истиноди зерин пайдо намуд: http://notorturetj.org/

Ҳамчунин, иттилооти бештарро метавонед дар саҳифаҳои иҷтимоии мо дастрас намоед:

На  Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

В Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012

В Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

В Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

В Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw   

В Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

В Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

В Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj