Пешгирии амалҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

1. Ҳар як Давлати узв ӯҳдадор мешавад дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта дигар амалҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки таҳти мафҳуми шиканҷаи дар моддаи 1 шарҳдодашуда қарор намегиранд, пешигирӣ намояд, ҳангоме ки чунин амалҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё дигар шахси расмӣ, ё бо шӯрангезии (таҳрикӣ) онҳо ва ё бо огоҳӣ ё розигии хомӯшонаи онҳо содир мегарданд. Аз ҷумла, ӯҳдадориҳои дар моддаҳои 10, 11, 12 ва 13 зикргардида бо иваз намудани таъкидот оид ба шиканҷа ба таъкидот оид ба дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф истифода мешаванд.

2. Муқаррароти ин Конвенсия ба муқаррароти ҳама гуна дигар шартномаҳои байналмилалӣ ё қонунгузории миллӣ, ки муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро манъ мекунанд ё ба супурдан ё бадарға кардан дахл доранд, зиён намерасонанд.

Моддаи 16-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj