Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Пайвандони як ҷавони 18 сола дар Душанбе иддао доранд, ки субҳи барвақти 10-уми октябр ӯро аз ҷойгаҳи хобаш бо зӯр, яъне тариқи “облава” ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун аз сокинони кишвар 8 шикоят дарёфт кардааст.
Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писарашро соати 6-и субҳи имрӯз шаш нафар аз ҷойгаҳи хобаш ба берун бурдаанд ва танҳо баъди нисфирӯзӣ маълум шудааст, ки онҳо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии Душанбе будаанд. Ин зан гуфт, писараш-Бахтиёр Юсупов, модари 81 солаашро нигаҳбонӣ мекард.
“Модарам дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекард. Модарамро тарсониданд. Дарро зада, даромада ӯро аз дохили ҷойгаҳи хобаш гирифта, ба пурсиши модари пирам ҳатто ҷавоб надодаанд. Ман дар Русия ҳастам, намедонам чӣ кор кунам. Ақалан, як бор даъват мекарданд ё худашонро шинос мекарданд, ки кӣ ҳастанд, ин қадар хавотир намешудем”,-гуфт Гулбаҳор Маҳмадқулова.
Мамлакат Мамадқулова, модари ин зан, ки ҳодиса дар манзили зисташ рух додааст, рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи барвақт вақте дарашро зада, як гурӯҳи ношинос вориди хонааш шуд, сахт тарсид.
Ӯ гуфт: “Давиданду хонаро таку рӯ карданд. Набераамро аз ҷойгаҳаш боло карда, дастонашро тоб дода, берун бароварданд. Сахт тарсидам, ки ягон ҷиноят кардааст, ки ӯро дастонашро тоб дода мебаранд. То фаҳмидем, ки ӯро хизмат бурдаанд, ниҳоят дар ташвиш шудем.”
Ҳама сола дар шабу рӯзи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби сокинон шикояти бо зӯр ё худ “облава” бурдани ҷавонон ба сафи Артиш садо медиҳад. Мақомот пайваста бо зур ҷалб кардани ҷавонон ба Артишро рад мекунанд. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ истифодаи зӯр барои бурдани ҷавонон бо артишро рад карданд ва гуфтанд, ки Бахтиёр Юсупов барои ба артиш рафтан худаш ариза навиштааст.
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ гуфтанд, ки то ҳол ҳеҷ шикояте дар робита ба “облава” аз сокинон дарёфт накардаанд. Аммо Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 шикоят дарёфт кардаанд.
“Ҳозир дар ҳақиқат шикоят зиёд аст. Мо шикоятҳоро гирифта, барои таҳқиқ ба прокуратураи ҳарбӣ супоридаем. Прокуратура бояд ин маълумотҳоро санҷанд. Прокуратура чанд ҳолатро тасдиқ мекунад, маълум нест. Инҳо ҳоло фақат шикоят ҳастанд.”,-гуфт Дилрабо Самадова.
Шикоятҳо аз вуҷуди “облава” дар ҳолест, ки ҳамарӯза расонаҳои давлатӣ аз афзоиши сафи ихтиёриён ба Артиш хабар медиҳанд. Дар даъвати имсол, ба фарқ аз солҳои гузашта, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба даъвати ҷавонон ба сафи артиш оғоз кардааст.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ин ҳизб маъракаи даъват аз ҷониби ин ҳизбро “боло бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон” унвон кард. Ӯ гуфт, ки то ҳол бештар аз сад ҷавон ба тарғиби ин ҳизб дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бар Артиш пайвастааст.
Коршиносон мегӯянд, комисарҳои ҳарбӣ дар ҳоле бо зӯр ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд, ки нақшаи даъватро иҷро намекунанд. Алиҷон Шарипов, як афсари бознишаста рӯзи 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз миёни 600 ҳазор ҷавони сини хизмати ҳарбӣ пайдо накардани 15 ҳазор сарбоз” заъфи идеологӣ аст.
Ӯ гуфт: “Дар замони Шӯравӣ ҷавон баҳонае барои нарафтан ба хидмати ҳарбӣ надошт. Ҳама сафарбар мешуд. Ҳоло нобаробарӣ дар ҷалби ҷавонон вуҷуд дорад. Ин ақида ҳаст, ки писари фалонӣ нарафт, чаро писари ман равад. Вақте тариқи қонун наметавонанд, ҷавононро ҷалб кунанд, даст ба "облава" мезананд. Ҳоло дар ҳақиқат сафи ихтиёриён бештар шудааст, вале на ба он ҳаде, ки ин кифоя бошад. Роҳҳо ҳавасмандӣ кунӣ ва ин умед, ки пас аз хизмат дар артиш вазъаш беҳтар мешавад, вуҷуд надорад. Дар Шӯравӣ чунин умедвориҳо зиёд буданд. Ҳоло ваъдаи замин медиҳанд, иҷро намекунанд. Як ҳисси сартосарии ватандӯстӣ ҳанӯз дар қалби ҷавонон пайдо нашудааст.”
Дар Тоҷикистон даъват ба хидмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмииТоҷикистон, теъдоди афроди синни даъват дар кишвар беш аз 600 ҳазорнафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.