Article Pages

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 16 декабр даъвои волидони Ҳамза Икромзодаро дар бораи рӯёндани даҳ миллион доллар ҷуброни зарари маънавӣ рад кард. Ҳамза Икромзода тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале Вазорати адлия мегӯяд, Икромзода худкушӣ кардааст. Вакили мудофеъ ...

16.12.2013 - 19:44

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум намуд. Суд Машраф Алиевро мутобиқи моддаи 143-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) гунаҳкор эътироф намуда, айбнома тибқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-ро бекор кард. Суд ҳамчунин қарор кард, ки аз Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон...

12.12.2013 - 19:09

Як гурӯҳ маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба TojNews телефонӣ муроҷиат карда, аз иҷро нашудани талаботи қонун дар ин муассиса изҳори нигаронӣ карданд.  Бино ба қавли ин маҳбусон, феълан дар ин муассиса ҳудуди 150-200 нафар дар низоми нисбатан сахт нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро паси сар карда, мебоист ба колонияҳои сукунатӣ интиқол дода шаванд. - Тибқи...

10.12.2013 - 11:15

Созмони Афви Байналмилал (АБ), аз созмонҳои муътабари дифоъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе аз рабуда шудани паноҳҷӯи тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва хостори таҳқиқи ин қазия аз суи мақомоти Русия шудааст. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки Исмон Азимов, аз маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон дар вилояти Твери Русия рабуда шудааст. Ин созмон мегӯяд бими он меравад, ки ин паноҳҷӯи...

09.12.2013 - 22:35

Се сокини Исфара, ки ду нафарашон узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд, дар ҳамкорӣ бо созмони манъшудаи «Ҳаракати исломии Узбакистон» муттаҳам шуданд. Додситонии шаҳри Исфара се шаҳрвандро дар ҳамкорӣ бо созмони террористӣ айбдор кард. Гуфта мешавад, ду нафари онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд ва қазияи боздошти яке аз онҳо бо номи Умедҷон Тоҷиев моҳи гузашта...

09.12.2013 - 21:51

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз роҳандозии тарҳе сесола дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки ҳадафи аслияш аз байн бурдани хушунат алайҳи кӯдакон дар муассисоти баста аст. Ин тарҳ бо кумаки Иттиҳодияи Урупо аз сӯйи созмонҳои Маркази ҳуқуқи кӯдакон, Омбудсмани Тоҷикистон ва Идораи Байналмилалии Ислоҳот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна ба иҷро дармеояд. Гулчеҳра...

05.12.2013 - 18:56

Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) бо пахши як изҳорот аз шеваи боздошт ва нигаҳдошти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, изҳорои нигаронӣ кардааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки "Умедҷон Тоҷиев аз 30-юми октябри соли ҷорӣ то ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва наздикону пайвандонаш иммкони рӯ ба рӯ шудан бо ӯро надоранд". Хешовандони...

29.11.2013 - 21:56

Дар ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ адвкоатҳо дар бораи ивази судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров дархост пешниҳод карданд. Талбон Сафаров, адвокати собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддахои 143, қ. 1, замим. 1 (...

27.11.2013 - 16:58

Модари Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд бо фарзандаш мулоқот кард ва вазъи саломатии вайро хеле бад арзёбӣ кард. Бибисалима Тоҷиева рӯзи 25 ноябр пас аз мулоқот бо фарзандаш - Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт вазъи саломатии писараш «беҳад бад аст, як пояш ҳангоми аз ошёнаи сеюми ШКД-и Исфара ба замин афтидан шикастааст ва пойи дигараш сахт...

25.11.2013 - 17:55

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки тирамоҳи соли гузашта дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас ба ҳалокат расид, ба Суди Олии Тоҷикистон бо талаби ҷуброни хунбаҳои писараш муроҷиат кардааст. Дар сӯҳбат ба TojNews Икромов гуфт: "Дар аризаи шикоятиаш ба Суди Олии кишвар вай аз масъулини маҳбаси №1, аз ҷумла, Рустам Тоштемиров, сардори...

22.11.2013 - 11:26

Страницы