Прокурори Вахш ҳодисаи марги боздоштшударо шарҳ дод

Прокурори Вахш ҳодисаи марги боздоштшударо шарҳ дод

Прокурори ноҳияи Вахш Юсуфҷон Юсуфзода ҳодисаи марги Низомиддин Ҳомидовро, ки ба қавли прокурор рӯзи 1-уми апрел дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД ноҳияи Вахш худро ба дор овехт ва гуфтаҳои падари марҳум дар ин хусусро шарҳ дод.

«Дар ВАО оид ба ин ҳодиса маълумот дода мешавад, ки ҷараёни боздошти Низомиддин Ҳомидов ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Барои гузаронидани кофтуков дар хонаи Ҷунайдулло Ҳомидови 61-сола ҳеҷ зарурате набуд, зеро худи ӯ ба кормандони милиса сарулибоси ҳангоми дуздӣ дарбардоштаи писарашро пешкаш кард. Низомиддин ба дуздӣ дар мағозаҳои «Тавҳид», «Кайҳон» ва як фурӯшгоҳи дигар гумонбар дониста шуда, ҳангоми содир намудани дуздӣ дар мағозаи «Кайҳон» дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд. Дар фурӯшгоҳ ӯ ба дуздии 1 ҳазору 840 сомонӣ гумонбар аст», - гуфт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Н.Ҳомидов аз рӯйи се ҳодиса мутобиқи моддаи 244, қ. 2 (Дуздӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, амалҳои тафтишотӣ дар доираи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ гузаронида шудаанд. «Ғайр аз ин, Н.Ҳомидов дар қайди дармонгоҳи муолиҷаи бемориҳои нашъамандии беморхонаи ноҳия қарор дошта, мудом машрубот истеъмол мекард, ки бо хулосахои дахлдори табибон тасдиқ мешавад», - гуфт прокурор.

«Падари марҳум мегӯяд, ки ҷасади писараш дар роҳрави ШВКД партофта шуда, гӯё ӯро шабона куштаанд. Ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надоранд. Ман шахсан супориш дода будам, ки дар азназаргузаронии ҷасад падараш ва наздиконаш иштирок кунанд. Сарулибоси ӯро коршиносон бо ёрии наздикони ӯ аз танаш бадар карданд», - зикр кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки зимни азназаргузаронии ҷасад осори захму лат ошкор нашудааст ва далели худро ба дор овехтани Н.Ҳомидовро ташхиси дахлдор муайян хоҳад кард.

«Прокуратураи ноҳияи Вахш худи ҳамон рӯз нисбати навбатдори ШВКД Зайниддин Назриев мутобиқи моддаи 322, қ. 2 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Агар дар ҷасади боздоштшуда осори захму лату кӯб ошкор мегардид, мо аз рӯйи далели шиканҷа парвнада боз мекардем. Ин парвандаро барои тафтишоти пешакӣ ман ба прокуратураи вилоят додам», - изҳор кард прокурор.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» коршиносони Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Хатлон дар робита ба ин қазия изҳор намуданд, ки азназаргузаронии ҷасади марҳум дар ҳузури наздикони ӯ сурат гирифта, дар бадани ӯ осори захму лат ба мушоҳида нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз як шабонарӯзи боздошт Низомиддин Ҳомидови 26-солаи гумонбар ба дуздӣ дар ШВКД-и ноҳияи Вахш ба ҳалокат расид.

Сайраҳмон Назриев, Asia Plus