Article Pages

Дар пасманзари ҳушдори вазири мудофиа ва дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кор набурдани роҳҳои ғайриқонунӣ зимни даъвати наваскарон, манобеи “Озодагон” аз нахустин ҳолатҳои “облава” дар навоҳӣ хабар доданд.  Мунис Искандарзода, донишомӯзи 17-солаи литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри имрӯз, 5 апрел дар роҳи бозгашт ба хона дар...

05.04.2016 - 21:50

Вазорати корҳои дохила мегӯяд, сокини шаҳри Ваҳдат Бунёд Мирзоев танҳо бозпурсӣ шуда, мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст. Ин ҷавони 29-сола шаби 3 апрел худро овехтааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон барои бозпурсӣ ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат даъват шудани сокини ин шаҳр Бунёд Мирзоевро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки ӯ мавриди ягон фишору зӯроварӣ қарор нагирифта буд ва баъди...

05.04.2016 - 19:33

Озода Раҳмон - роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон - аз додситонии низомӣ хостааст, ки ба қазияи ин сарбози тоҷик ҷиддан расидагӣ шавад. Озода Раҳмон , раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар ҷавоб ба номаи Мунира Асоева - модари Меҳровар Мақсудов - гуфтааст, ки ба қазияи, бино ба қавли наздиконаш, латту кӯби ин сарбози Вазорати дифоъ расидагӣ шавад. Дар ин бора 5 апрел аз...

05.04.2016 - 11:48

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш давоми ду рӯзи аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ 17 дарсад иҷро гардидааст.  Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз 4 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар рӯзи нахустини оғози маъракаи даъват, аввалин шуда, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва Дарвоз аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ба...

05.04.2016 - 09:32

Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз даъвои гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар бораи шиканҷа шуданашон мурофиаи онҳоро муваққатан қатъ кардааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои шаш гумонбари ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки гӯё аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, баррасии парвандаи онҳоро муваққатан қатъ кардааст. Аз дафтари матбуоти...

31.03.2016 - 11:16

Хушвақт дар боздоштгоҳи пулис ҳамагӣ чанд соат қарор дошт ва як рӯз баъд даст ба худкушӣ зад ва тасодуфан зинда монд. Ӯ аз он замон то ба ҳол дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад. Хонаводаи Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латту кӯб қарор гирифта буд, мегӯянд, ки то ҳол 16 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавияшонро аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ...

30.03.2016 - 20:33

Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз шиканҷаи боздоштушдаҳо ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳанд кард. Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба зудӣ ба ду қонун ислоҳот ворид хоҳад кард, ки ба қавли вакилон пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо муҳим будааст. Ин ислоҳот ба қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар...

29.03.2016 - 17:10

Муттаҳамони қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар мурофиаи додгоҳӣ иддао кардаанд, ки аз ҷониби кормандони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.  Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, дар курсии айбдорӣ барои ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ 6 нафар нишастаанд. Манбаъ гуфт, гумонбарон дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариат зимни мурофиа дар додгоҳи...

29.03.2016 - 10:17

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз президент Эмомалӣ Раҳмон, вокуниш нишон дод. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи кӯмакхоҳии наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов аз Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон дод. Ин нома рӯзи 27-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд. Торнамои Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми...

27.03.2016 - 21:56

Наздикони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латукӯби ӯ дар артиш, аз президент Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостаанд. Хонаводаи Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик барои расидагӣ ба қазияи латту кӯбаш, аз президенти кишвар кӯмак хостаанд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи шанбеи 26-уми март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори...

26.03.2016 - 15:49

Страницы