Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои радди даъвои хонаводаиШаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷикро қонеъ накард.
Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз додгоҳ хоста буд, даъвои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев барои рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ рад карда шавад. Назиров гуфтааст, дар расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ба Шаҳбол - куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 гунаҳкоранд ва маҳз онҳо бояд дубора ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванду ҷубронро пардохт кунанд.
Аммо Зебуниссо Саидова, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ин дархости Сарраёсати қушунҳои сарҳадиро рад намуд. Ҳамчунин раисикунандаи мурофиа дархости дигари Сарраёсат дар мавриди омӯзиши дигарбораи хароҷоти ташхису табобати Шаҳбол Мирзоев дар Русияро низ рад кард.
Дар зимн, Зебуниссо Саидова дархости Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоевро қабул карда, қарор намуд, барои муайян намудани ҳаҷми зарари маънавии сарбози маъюбшуда ташхиси психологӣ гузаронда шавад. Бо қарори додрас ин ташхис бояд давоми 15 рӯзи оянда анҷом шавад ва то анҷоми ташхис мурофиа мавқуф гузошта мешавад.
Хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз сарраёсат 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доранд. Дар мурофиаи нахустини қазия намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ изҳор дошт, ки зарари моддиро хоҳанд кард, аммо зарари маънавӣ бозбинӣ шавад. Аммо баъдан иддао кард, ки ин маблағро куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов ва Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 пардозанд, зеро маҳз онҳо гунаҳкори асосии қазия мебошанд.
Аммо Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев дар суҳбат ба “Озодагон” дархостҳои Зоиршо Назировро беасос хонда гуфт, “дар маҷмӯъ харҷи табобати зерҳимояаш ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ҳамагӣ 97 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ӯ дар ин бора аллакай расман ба додгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод кардааст”. Ӯ инчунин гуфт, барои зарари моддӣ ва маънавӣ нисбат ба зерҳимояаш, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷавобгар аст: “Дар моддаҳои 1083, 1804-и Кодекси граждании Тоҷикистон чунин муқарарот пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби муассиса ҷуброн пардохт мегардад”.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.
19 июни соли ҷорӣ Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд.