Равоншиносони Тоҷикистон оид ба масоили офиятбахшии қурбониёни шиканҷа тренинг мегузаранд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд - Эътилоф) дар доираи лоиҳаи бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалишаванда аз 27 то 29-уми октябри соли 2017 тренинги «Беҳтарнамоии малакаҳои равоншиносон оид ба баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии аз шиканҷа начотёфтагон ва /ё аъзои оилаи онҳо»-ро баргузор менамояд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

Мақсади тренинг - боло бурдани малакаи равоншиносон дар масъалаи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, инчунин оид ба механизмҳо ва усулҳои баҳогузории равонӣ пеш ва баъд аз офиятбахшӣ.

Иштирокчиёни тренинг - 16 равоншинос аз кафедраҳои равоншиносии макотиби олии кишвар (ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе), инчунин равоншиносони амалкунандаи ТғД. Ба ҳайси тренерҳо коршиноси байналмилалӣ/равоншиноси Маркази офиятбахшии қурбониёни шиканҷаи Арманистон Лилит Геворкян ва коршиноси миллӣ дар самти равоншиносии кўдакона Гулнора Гулмирзоева баромад хоҳанд кард.

Гурўҳ оид ба офиятбахшии нафарони аз шиканҷа наҷотёфта ва аъзои оилаи онҳо яке аз гурўҳҳои кории назди Эътилоф маҳсуб меёбад. Фаъолияти он ба расонидани кўмаки имконпазир ба қурбониён барои барқарорсозии мустақилият, қобилиятҳои ҷисмонӣ, иҷтимоиву касбӣ, инчунин мутобиқшавии пурраи иҷтимоӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа равона гардидааст.

Дар оянда равоншиносоне, ки дар тренинг иштирок менамоянд, ба раванди расонидани кўмаки равонӣ ба нафарони аз шиканҷа наҷотёфта ва/ё аъзои оилаи онҳо ҷалб карда мешаванд.

Аз оғози соли 2017 барои гузаштани офиятбахшӣ ба 35 қурбонӣ кўмак расонида шудааст, ки 21 нафари онҳо мардон ва 14 нафар занҳоянд. Аз шумораи умумии қурбониён 21 нафар онҳое ҳастанд, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд. 14 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона мебошанд. Шаш нафар қурбонӣ кўдакони ноболиғанд.

Макони баргузории тренинг - конфронс-толори меҳмонхонаи «Гулистон тур». Оғоз: 09:00.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба Гулчеҳра Раҳмонова, ҳамоҳангсози Гурўҳ оид ба офиятбахшӣ, ТҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ» муроҷиат намоед. Тел.: +992 935782090, e-mail: gulchehra.rakhmanova@gmail.com

NoTorture.Tj