Роҳ ба сӯйи адолати судӣ: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ. Вохӯрии таҷрибаомӯзон оид ба системаи ҷамъоварии маълумот

Макон: толори «Насрин»-и меҳмонхонаи “Серена» ва платформаи Zoom

Замон: 20-уми июн, 14:00 – 16:30 бо вақти Душанбе

Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ», узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Бунёди ҳолландии «Perspectivity Challenge» аз оғози лоиҳаи «Роҳ ба сӯйи адолати судӣ: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ» хабар медиҳанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони маҳбасҳои Тоҷикистон барои пешгирии шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба низоми одилона ва муассири системаи пенитенсиарӣ мебошад.

Яке аз самтҳои асосии лоиҳа ба пажӯҳиш ва таҳлили маълумот оид ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа ва мусоидат ба ташкили системаи ҷамъоварии маълумоти ҳамаҷониба оид ба ҳолатҳои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон равона хоҳад шуд.

NotortureTj