Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябр барои кормандони ТҶ «Наҷоти кӯдакон» - узаи Эътилоф оид ба ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона семинар доир карданд. Мақсад аз чорабинӣ дастгирии ояндаи Эътилоф дар минтақаи Кӯлоб (тавассути ТҶ «Наҷоти кӯдакон») ба шумор меравад.
Роҳбарони гуруҳҳои Эътилоф ба кормандони ТҶ «Наҷоти кӯдакон» дар бораи фаъолияти худ иттилоъ дода, оид ба роҳандозии корҳояшон маълумот пешниҳод намуданд. Баъди ин шакли эҳтимолии кори ТҶ «Наҷоти кӯдакон» дар доираи фаъолияти Эътилоф дар минтақаи Кӯлоб баррасӣ карда шуд.