Рустами Эмомалӣ аз Прокуратураи генералӣ талаб кард, то ба шиканҷаи боздоштшудаҳо хотима дода шавад

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми январ сессияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид, ки дар он Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон оид ба назорати риояи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2020 ҳисобот дод.

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон, тақвияти назорат аз болои ҳуқуқвайронкуниҳои аз ҷониби ҷавонон содиршуда, бахусус занозаниҳои гуруҳӣ назди мақомоти прокуратураи кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.

Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи Прокурори генералиро ба масоили зиёд шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар кишвар ва беэътимодии баъзе маълумотҳои оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуд.

Раиси палатаи болоӣ аз мақомоти прокуратура талаб намуд, ки дар самтҳои савдои одамон ва маводи мухаддир чораҳои муассир андешида шаванд.

Ӯ дастур дод, ки ба шиканҷа нисбати боздоштшудагони гумонбар дар содири ин ё он ҷиноят, инчунин шахсоне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, хотима дода шуда, муносибатҳои ѓайрионинномавӣ дар сафҳои артиш манъ карда шавад.

Asia-Plus