Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон

Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон яке аз санаҳои муҳим дар системаи рӯзҳои байналмилалии хотиравӣ аст, ки ба тақвияти эҳтиром ба шаъну шараф ва озодии ҳар як шахс нигаронида шудаанд. Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар саросари ҷаҳон 10-уми декабр таҷлил карда мешавад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳо дар ҷаҳон - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ дар Париж 10-уми декабри соли 1948 қабул гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат бори аввал ҳуқуқҳои асосии инсон, ки бояд ҳимояи умумӣ дошта бошанд, баён карда шудаанд.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабиниҳои зеринро баргузор кард:

Ёрии сайёри ҳуқуқӣ:

1-3-юми декабри соли 2025 [1] ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқиро баргузор карданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқи инсон ва механизмҳои мавҷудаи ҳифзи онҳо буд. Тақрибан 100 нафар барои машварат муроҷиат карда, доираи васеи масъалаҳо - аз андозбандии амвол ва тартиби шикоят аз амалҳои шахсони ваколатдор то ҳолатҳои марбут ба зӯроварӣ, инчунин масъалаҳои хислати манзилӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ доштаро ба миён гузоштанд. Ба ҳамаи муроҷиаткардагон маълумоти тамос барои ташкилотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд, то тавонанд ҳуҷҷатҳоро дар ҳолати зарурӣ фиристонанд ва пас аз баррасии онҳо ёрии иловагии ҳуқуқӣ бигиранд. Барои муаррифии бештари Эътилоф ба иштирокчиён туҳфаҳои рамзӣ бо логотипи он тақдим гардид.

Озмунҳо ва викторинаҳо барои ҷавонон дар Душанбе ва Хуҷанд:

3-юми декабри соли 2025 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Душанбе [2] ва ноҳияи Спитамен [3]-и вилояти Суғд викторина баргузор кард. Дар чорабиниҳо тақрибан 60 нафар иштирок карданд. Ҳадаф баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон, тақвияти фаҳмиши онҳо дар самти стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ташвиқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷалб намудан ба фаъолиятҳои ҳуқуқҳимоякунӣ буд.

Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ бо иштирокчиён викторина дар самти ҳуқуқи инсон (квиз) гузаронида шуд. Иштирокчиёне, ки натиҷаҳои назаррас доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.

 

Тақвими ҳарсола [4]: Тақвим дар асоси 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, ки принсипҳои асосии онро ба як воситаи дастрас ва визуалии таълимӣ табдил медиҳад. Ҳамин тариқ, тақвимҳо на танҳо чун як ашёи болои мизи корӣ, балки ҳамчун ёдраскунандаи доимии арзиши озодӣ, баробарӣ ва ҳимоя аз муносибати бераҳмона муфид хоҳанд буд.

Дар тақвимҳо инчунин маълумот барои тамос бо Эътилоф мавҷуд аст, ки дилхоҳ шахс метавонад барои дарёфти ёрии ҳуқуқии ройгон дар масоили шиканҷа, муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф муроҷиат намояд. Ин махсусан барои онҳое, ки бо қонуншиканиҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва ба дастгирӣ ниёз доранду намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, муҳим аст.

 

Visibility: ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуданд, ба иштирокчиён термоистаконҳо бо логотипи Эътилоф барои муаррифии бештари он тақдим гардиданд.

 

 

Барномаи мустақим дар радиои «Азия-плюс» ва онлайн-машваратҳо:

9-уми декабри соли 2025 [5] дар барномаи мустақими «Имкон» дар радиои «Азия-плюс» барномаи махсуси радиоӣ пахш шуд. Меҳмонони студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буданд. Дар ҷараёни барнома коршиносон масъалаҳои калидии марбут ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзили муносиб ва ғайраро баррасӣ намуданд. Мутахассисон равиши миллиро баҳри таърифи шиканҷа муаррифӣ карданд, оид ба механизмҳои муроҷиат барои ҳимоя [6] сухан гуфтанд ва тартиби гузаронидани муоинаи тиббиро муфассал шарҳ доданд. Ҳангоми пахши мустақим шунавандагон дар бораи самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон - аз хушунати хонаводагӣ ва гирифтани ҷуброн барои вайрон кардани манзил то тартиби бақайдгирии амвол дар биноҳои нав ва дигар масъалаҳои ҳуқуқие, ки шаҳрвандон дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, савол доданд. Ҳадафи барнома - мусоидат ба маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона буд.

 

Конфронси илмӣ-амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон:

9-уми декабри соли 2025 [7] дар факултаи “Таърих ва ҳуқуқ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров конфронси илмӣ-амалии “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар татбиқи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар” баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ "Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" - узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

 

Чорабиниҳои иттилоотӣ: Рӯзҳои 10 ва 11-уми декабри соли 2025 [8] ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаҷаласаҳои онлайнӣ-иттилоотиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор намуданд. Чорабиниҳо онлайн гузаронида шуда, тақрибан 35 нафар иштирокдорон аз ҷумлаи шахсони таваҷҷуҳмандро ҷамъ оварданд. Ҳадаф баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии иштирокдорон оид ба стандартҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла роҳ надодан ба табъиз, озодӣ аз шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқҳои манзилӣ, инчунин уҳдадории давлат ва тиҷорат дар самти риояи ҳуқуқи инсон буд.

 

Аксияи иттилоотӣ-омӯзишӣ [9]:

Мутахассисони ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" - узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аксияи иттилоотӣ-омӯзиширо баргузор карданд, ки ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ нигаронида шуда буд. Дар ҷараёни аксия кормандони ташкилот бо донишҷӯёни соҳаи тиб ва ҷавонон мулоқот карда, дар бораи ҳуқуқҳои асосӣ ва воситаҳои мавҷудаи ҳимояи онҳо саволҳо доданд. Ин равиш на танҳо барои муайян сохтани огоҳӣ имкон фароҳам меорад, балки фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи инсонро дар ҷомеа низ ташаккул медиҳад. Ҳадафи асосии ин ташаббус тақвияти огоҳии ҳуқуқӣ ва таблиғи принсипҳои дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон зикршуда: баробарӣ, шаъну шараф ва дастрасӣ ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон барои ҳар як нафар мебошад.

Дар асоси маълумоти аз аъзои Эътилоф гирифташуда роҳнамоии иттилоотии фаъолият гузаронида ва маводҳо омода карда шуданд.

Ҳамаи маълумот дар сомонаи Эътилоф - www.notorturetj.org ҷойгир карда шуда, дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр гардиданд:

Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Дар Инстаграм: https://www.instagram.com/notorturetj?igsh=ZnRkbHBqODV6NHZi

Аз ҷумла, аз ташкилотҳои шарикӣ:

1. Рӯзи ҳуқуқи инсон: 5 нуктаи муҳиме, ки ҳар як нафар бояд донад

    https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-khukuki-inson-5-nuktai-asosie-ki-khar-yak-nafar-boyad-donad

2. Шартномаҳо дар самти ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/tj/news/shartnomakho-dar-samti-khukuki-inson

3. Лоиҳаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/news/mezhdunarodnyy-bill-o-pravah-cheloveka

4. Асосҳо дар самти ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/tj/news/asoskho-dar-samti-khukuki-inson

5. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва мавзуҳои он

    https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-baynalmilalii-khukuki-inson-va-mavzukhoi

6. Рӯзи ҳуқуқи инсон ва Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-khukuki-inson-va-elomiyai-umumii-khukuki-inson

7. Нуктаҳои асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/tj/news/nuktakhoi-asosii-elomiyai-umumii-khukuki-inson

8. Ҳуқуқи инсон, қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯза

    https://notorturetj.org/tj/news/khukuki-inson-kismi-chudonashavandai-khayoti-kharruza

9. Мавзуи соли 2025: ҳуқуқи инсон

    https://notorturetj.org/tj/news/mavzui-soli-2025-khukuki-inson-kismi-chudonashavandai-khayoti-kharruzai-mo

10. Ҳуқуқи маҳбусон ба пешниҳоди шикоят

    https://notorturetj.org/tj/news/khukuki-makhkumshudagon-baroi-peshnikhodi-shikoyat

11. Вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ

    https://notorturetj.org/tj/news/vazi-khukuki-makhkumshudagon-dar-choykhoi-makhrumi-az-ozodi

12. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ

    https://notorturetj.org/tj/news/khukuk-ukhdadorikho-va-kafolatkhoi-ichtimoii-kormandoni-muassisakhoi-islokhi-0

13. Ҳуқуқи маҳкумшудагон ба дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

    https://notorturetj.org/tj/news/khukuki-makhbuson-ba-dastrasi-ba-yorii-tibbi-dar-muassisakhoi-islokhi

14. Видеоролики иҷтимоии «Имконият барои зиндагии нав диҳед»

    https://notorturetj.org/tj/news/navori-ichtimoi-imkoniyat-baroi-zindagii-nav-dikhed

15. Овезаҳои иттилоотии “Дар бораи ВИЧ чиро донистан муҳим аст?”

    https://notorturetj.org/tj/news/dar-borai-vnmo-chiro-donistan-mukhim-ast

16. Ролики иҷтимоии «Барои аз нав зистан кӯшиш мекунам

    https://notorturetj.org/tj/news/navori-ichtimoi-baroi-az-nav-zistan-kushish-mekunam 

17. Макоми хукукии махкумшудагон дар чойхои махруми аз озоди

    https://notorturetj.org/tj/video/makomi-khukukii-makhkumshudagon-dar-choykhoi-makhrumi-az-ozodi

18. Хукук, ухдадорихо ва кафолатхои ичтимоии кормандони муассисахои ислохи

    https://notorturetj.org/tj/video/khukuk-ukhdadorikho-va-kafolatkhoi-ichtimoii-kormandoni-muassisakhoi-islokhi

19. Хушбахт Исоев: саводнокии ҳуқуқӣ танҳо донистани қонун нест…

    https://notorturetj.org/tj/news/hushbaht-isoev-savodnokii-khukuki-tankho-donistani-konun-nest

20. Гулчеҳра Холматова: вазъи пешгирии шиканҷа ба тарафи мусбат ҳаракат карда истодааст

    https://notorturetj.org/tj/news/gulchekhra-holmatova-vazi-peshgirii-shikancha-ba-tarafi-musbat-kharakat-karda-istodaast

NotortureTj