Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам намояндагони матбуоти кишвар! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик сидқан табрик мегӯяд!
Инсони муосир наметавонад бидуни иттилооте зиндагӣ кунад, ки пешниҳоди воқеъбинонааш хусусан аз шумо вобаста аст. Бигузор ҳар як сатри навиштаи шумо ба ҳаёти ҷомеаи мо танҳову танҳо ҳиссиёти мусбат бубахшад ва баҳри рушди оянда кумак расонад. Бароятон хонандагони қадрдон, воқеаҳои аҷибу гуворо ва дӯстони нав таманно дорем. Ба оилаҳоятон саломативу бурдборӣ мехоҳем!