Рӯзи матбуоти тоҷик муборак, рӯзноманигорони гиромӣ!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзноманигорони кишварро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик - 11-уми март табрик мегӯяд!

Дар ҳама давру замон вазъият тақозо мекунад, ки баҳри рушди ҷомеа мардум аз ҳодисаву воқеаҳои муҳиму воқеӣ огоҳӣ дошта бошанд. Дар ин маврид рисолати шумо - рӯзноманигорони гиромӣ, аз ҳама муҳим ва созанда аст. Рисолати шумост, то ин ки бо пешниҳоди иттилооти воқеӣ, боэътимод ва босифат дар пешрафти ҳаёти ҷомеа саҳми бориз гузоред.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи шумо килки сабз, ҷасорату диди касбӣ, саломатии бардавом ва бурдбориву саодат дар оилаҳоятон таманно дорем!

NoTorture.Tj