Рӯзи милитсияи тоҷик муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро ба муносибати иди касбиашон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрик мегӯяд.

Ба кормандони милитсия таманнои онро дорем, ки дар самти назорати тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун шарафмандона истодагарӣ намоянд ва барои таъмини сулҳу ояндаи дурахшони кишвар талош варзанд. Шарафи либоси милисагиро ҳифз намоед! Ба шумо ва аҳли оилаатон саломативу хушбахтӣ хоҳонем!

NoTorture.Tj