Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рўзноманигорони кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии баён - 3-юми май табрик мегўяд!
Дар рӯзи касбиятон ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеиву пайваста, боэътимоду самаровар қадрдониву ҳамоҳангии худро изҳор менамоем.
Таманно дорем, ки ҳамеша қаламатон буррову суханатон таъсиргузор бошад ва бо матолиби ҷолибу далелҳои дақиқ баҳри бартараф сохтани мушкилоти ҷомеа саҳми боризи худро гузоред!
Ба шумо ва оилаҳоятон аз самими қалб саломатии бардавом ва бурдборӣ хоҳонем!