Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳар сол якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳимояи кўдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумори чунин кишварҳост. Ба ин муносибат, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли насли ояндаи кишварро ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳимояи кўдакон табрику таҳният мегўяд!
Бигзор ҳар як кӯдак дӯст дошта ва хушбахт бошад, муҳаббат ва ғамхории волидайн ҳамеша кӯдакиро давраи фаромӯшнашаванда ва дурахшони ҳаёт гардонад! Бигзор осмони болои сари шумо ҳамеша осоишта бошад ва ҳар рӯзи наватон бо меҳрубонӣ ва ҷолибият оғоз гардад. Ба волидайн сабр, меҳрубонӣ ва муҳаббат мехоҳем.
Рўзи байналмилалии ҳимояи кўдакон бо ќарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишварҳои дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост.
Идатон муборак бошад!