Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вакили яке аз зиндониёни “хабарсози” Тоҷикистон Садриддин Тошев аз эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш дар ҳоли интиқол ба зиндони низомаш сахт ҳушдор додааст. Вакили дифои яке аз зиндониёни “хабарсози” Тоҷикистон бо муроҷиат ба Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Милал аз ин ниҳод хостааст, иҷоза надиҳад, ки Садриддин Тошевро барои идомаи адои ҷазо ба зиндони низомаш сахт интиқол диҳанд.
Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати фиристодани Садриддин Тошев ба зиндони Қӯрғонтеппа эҳтимол дорад, ки ӯро дар онҷо дигарбора азобу шиканҷа диҳанд:
“Воқеан қабл аз ин Тошев дар ҳамон муассисаи режимаш махсус адои ҷазо намуда буд ва бо маъмурияти муассиса муносибатҳои хуб надорад ва аз ин рӯ таҳдид ба ҳаёту зиндагиаш вуҷуд дорад. Шояд дар онҷо аз ӯ қасд мегиранд, байнашон муноқиша мехезад, барои ҳамин мо ба Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кардем, ки ин масъаларо дар назди ҳукумати Тоҷикистон гузорад, ки Садриддин Тошев барои идомаи ҷазо ба муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода нашавад. Чунки ӯ пештар дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифта буд ва бо раҳбарони муассиса муносибатҳои хуб надорад.”
Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатуло Ризоев, ки барои авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор дониста шуданд, ки гӯё аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи зиндониён нашр карданд. Садриддин Тошев, ки баъди 20 соли адои зиндон барои озодиаш каме бештар аз 3 сол монда буд, барои нашри ингуна видеоҳо ба 9 соли дигари зиндон маҳкум шуд.
Дар видеоҳое, ки соли 2013 баъди марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии тоҷик дар зиндон нашр шуд, чанд зиндонӣ баданҳои кабуду сурхи худро нишон дода мегуфтанд, ки ин осори латукӯби посбонони зиндон аст. Файзиниссо Воҳидова гуфт, ӯ дигарбора аз ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кардааст, зеро ба гуфтаи вакили дифоъ Садриддин Тошев наметавонист, аз дохили зиндон ингуна маводро нашр кунад: “Мо шикоят бурдем, ки дар кирдораш паҳн намудани маълумоти бардурӯғ нест, барои онки вай дар муассисаи пӯшида дар ҷойи адои ҷазо қарор дошта ва ба таҷҳизоти замонавӣ, ба интернет ва дигар воситаҳои электронӣ надорад, ба воситаи сомонаҳои интернетӣ наворҳои шиканҷаро паҳн кунад. Тафтишот бояд муайян кунад, ки дар воқеъ ин наворҳоро кӣ паҳн кардааст.
”
Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, ҳукми додгоҳ дар бораи адои ҷазо дар муассисаи низомаш шадид барои Садриддин Тошев ноодилона аст ва бояд ин ҳукм бознигарӣ шавад. Худи Садриддин Тошев, моҳи августи соли 2014 дар як мусоҳибаи видеоӣ ба хабарнигорон дар ҳузури мақомоти раёсати зиндонҳои вазорати адлия гуфт, ки видеоҳои шиканҷаи зиндониён “саҳнасозишуда ва дурӯғ” буд ва баъд аз ин аксарият мегуфтанд, ки мумкин аст, ӯро бар асоси Қонуни авфи имсол озод кунанд, аммо онгуна ки Файзиниссо Воҳидова гуфт, барои онки Садриддин Тошев ду дафъа ҳукм гирифтааст, нисбати ӯ Қонуни афв татбиқ намешавад. Ӯро ду даҳсола пеш барои бандитизму терроризм ва одамрабоӣ дар замони ҷанги шаҳрванд ба 25 соли зиндон маҳкум карда буданд ва айни замон ӯ дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад.