Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 24). Тавзеҳ дода мешавад, ки дар сурате, агар шикоят дар бораи татбиқи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар мурофиаи судӣ пешниҳод гардида бошад, суд, судя вазифадор аст чораҳои бо қонун пешбинишударо барои фавран баррасӣ намудани он андешида барояд. Агар барои пурра санҷидани шикоят анҷом додани чораҳое, ки ба салоҳдиди суд дохил намешавад (оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, гузаронидани таҳқиқ ё тафтиш ва ғайра) зарур бошад, суд таъинот, қарор қабул намуда, ба зиммаи прокурор барои ба амал баровардани санҷиши дахлдор бо қайди мўҳлати ба суд пешниҳод кардани маводи санҷишӣ вогузор мекунад. Маводи санҷиши шикоят ва қарорҳои мурофиавии аз рўи он қабулшуда дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.
Санҷиши мавод ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҳаракатҳои ғайриқонунӣ содирнамуда барои боздоштани пешбурди парванда асос шуда наметавонад.
(Қисми 25). Суд, судяҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳангоми баррасии дархостҳои тарафҳо дар бораи хориҷ кардани далел аз қатори далелҳое, ки эҳтимолан бо татбиқи шиканҷа ё дар натиҷаи ҳаракатҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, ўҳдадории исботи қонунӣ будани маводи ба даст овардашуда ба зиммаи айбдоркунанда вогузор карда мешавад.