Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Саодат Кулиева, модари Хуршед Бобокалонови 13 сол пеш дар натиҷаи муносибати бераҳмона ҳангоми боздошт аз ҷониби кормандони милитсия фавтида имрӯз, 5-уми июл аз болои қарори Суди ноҳияи И. Сомонӣ ба зинаи кассатсонӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе шикоят бурд.
Адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки 20-уми июни соли 2022 ба ӯ аз Суди ноҳияи И. Сомонӣ матни пурраи қарори суд аз рӯйи даъвои Саодат Кулиева аз 8-уми июни соли 2022 дастрас карда шуд.
Мавсуф илова намуд, ки имрӯз, 5-уми июли соли 2022 аз номи Саодат Кулиева барои пешниҳод ба зинаи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе бо дархости бекор сохтани қарори Суди ноҳияи И. Сомонӣ дар робита ба беасос будани рад кардан аз қонеъ намудани аризаи даъвогии Саодат Кулиева дар бораи эътирофи ҳуқуқ оид ба муроҷиат оид ба тафтиши бесамари далели марги писари ӯ Хуршед Бобокалонов ва иҷро нашудани тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шикоятӣ омода кардааст.
«5-уми июли соли 2022 шикояти кассатсионӣ аз ҷониби Саодат Кулива имзо шуда, барои фиристодан ба зинаи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ супорида шуд”,- гуфт адвокат.
Таърихи шикоят
Ёдовар мешавем, ки 22-юми феврал Саодат Кулиева ба Суди ноҳияи И. Сомонӣ бо даъвои ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолати марги писараш Хуршед Бобокалонов ва иҷро нагардидани тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.
Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки тафтиши далели марги Хуршед Бобокалонов санаи 27-уми июни соли 2009 бесамар буд ва аз соли 2009 то 2012 парванда зиёда аз ҳафт маротиба қатъ шуда, дар амали кормандони милитсия нишонаҳои ҷиноят муайян нагардид.
«Ҳимояи писари ман Хуршед Бобокалонов аз шиканҷа, инчунин тафтиши саривақтӣ ва беғаразона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда нашудааст»,- омадааст дар аризаи даъвогӣ.
Саодат Кулиева аз ВКД (ҷавобгар) ва Прокуратураи генералӣ (ҳамҷавобгар) ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.
8-уми июн Суди ноҳияи И. Сомонӣ дар бораи рад кардан аз қонеъ намудани даъвои Саодат Кулиева нисбати ВКД ва Прокуратураи генералӣ барои беасос будани талаботи даъво бо ҳуқуқи пешниҳоди шикояти кассатсионӣ аз болои санади судӣ қарор баровард.