Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 27 май хизматчии ҳарбӣ Фаррух Пӯлодовро дар бузургсолорӣ (дедовшина) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар ин робита хабар доданд, Фаррух Пӯлодов ба лату кӯби ҳамхизматаш, сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ Баҳриддин Насриддинов, ки бар асари он ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт, айбдор дониста шудааст.
Ёдрас мешавад, ки рӯзи 6 марти соли 2015 сарбози қисми ҳарбии 12019-и Вазорати мудофиаи ҶТ Фаррух Пӯлодов ба хотири нишон додани бартарияти ҷисмонии худ, ҳамхизматаш Б.Насриддиновро дар ошхонаи қисми низомӣ лату кӯб мекунад, ки бар асари он ӯ ба бемористон мунтақил шуда, муддати чанд рӯз ба ҳуш намеояд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз манфиатҳои сарбози ҷабрдида Б.Насриддинов дар суд адвокати ТҶ «Дафтари озодиҳлои шаҳрвандӣ» Дилшод Ҷӯраев ҳимоят кардааст.