Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и вилояти Суғд дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО» семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
22-юми октябр дар меҳмонхонаи «DE-LUX»-и вилояти Суғд семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО ва рӯзноманигорон дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО» доир гардид.
Дар чорабинӣ ҳудуди бист нафар рӯзноманигор аз ВАО-и давлатӣ ва мустақил, ТВ, радио, блогерҳо ва медиа-фрилансерҳо аз вилояти Суғд иштирок карданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз гузаронидани семинар амалисозии таҷрибаҳои рӯзноманигорӣ дар самти инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо баҳри иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ба шумор меравад.
Ба иштирокдорони чорабинӣ тавсияҳо ва дастурамалҳои инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, барои робитаи самаранок бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, омодасозии матолиби рӯзноманигорӣ аз рӯи «парвандаҳои шиканҷа», дар ҳамкорӣ бо адвокат ё ҳуқуқшинос пешниҳод карда шуд.
Қисми аввали чорабинӣ ба дарки мафҳуми «шиканҷа» тибқи стандартҳои байналмилалӣ бахшида шуда буд. Аз рӯйи ин мавзуъ ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ба ҳайси тренер баромад намуд.
Дар ҷараёни муаррифӣ Абдураҳмон Шарипов оид ба чаҳорчӯбаҳои амалигардии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон сухан гуфт.
Сухангӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо 21-уми июли соли 1994 шомил шуд, ки 10-уми феврали соли 1995 ҳукми қонунӣ гирифтааст.
Қисми дуввуми чорабинӣ ба фаҳмиши мафҳуми “шиканҷа” дар қонунгузории Тоҷикистон бахшида шуда буд. Абдураҳмон Шарипов ба таври мухтасар мафҳуми шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро тибқи қонунгузории миллӣ, инчунин тавсияҳову Нақшаи миллии амалҳоро шарҳ дод. Ӯ ҳамзамон ба масоили нақши мақомоти давлатӣ, тартиби гузоришдиҳӣ, инчунин ҷойгоҳи ҷомеа ва ВАО дар паҳнсозии иттилоот дахл намуд.
Нимаи дуввуми рӯз ба фаъолияти рӯзноманигорӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, масоили инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО ва зарурати кори якҷояи рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон баррасӣ гардиданд. Дар ин мавзуъ рӯзноманигор Акмал Маннонов ба ҳайси сухангӯ баромад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ВАО василаи муҳими паҳн кардани иттилооти ҳуқуқҳимоясозӣ ба шумор меравад. Дар бисёр ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ аллакай таҷрибаи мусбати кори якҷояи ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва рӯзноманигорон вуҷуд дорад. Матолиби рӯзноманигории андозаҳои гуногуни дар ин мавзуъ дар сомонаҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» пахшгардида шарҳ дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорони семинар имкониятҳо барои ҳамкориҳои оянда ва ҳамкорӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқро баррасӣ намуданд.