Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо» семинар баргузор намуд.
Имрӯз, 14-уми октябр, дар меҳмонхонаи ATLAS семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО ва рӯзноманигорон дар мавзуи «Инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи Нақшаи миллии амалҳо» доир гардид.
Дар чорабинӣ зиёда аз бист нафар рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, ТВ, радио, блогерҳо ва медиа-фрилансерҳо аз НТМ, шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар иштирок карданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсад аз гузаронидани семинар амалисозии таҷрибаҳои рӯзноманигорӣ дар самти инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо баҳри иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ба шумор меравад.
Ба иштирокдорони чорабинӣ тавсияҳо ва дастурамалҳои инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, барои робитаи самаранок бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, омодасозии матолиби рӯзноманигорӣ аз рӯи «парвандаҳои шиканҷа», дар ҳамкорӣ бо адвокат ё ҳуқуқшинос пешниҳод карда шуд.
Семинар аз се қисми асосӣ иборат буд. Дар нимаи аввали рӯз ба ҳайси тренерҳо директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова ва ҳуқуқшиноси ин ташкилот Абдураҳмон Шарипов баромад карданд.
Дар ҷараёни баромади худ Шоира Давлатова оид ба чаҳорчӯбаҳои амалигардии уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон сухан гуфт.
Тавре ӯ зикр намуд, Тоҷикистон ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, ки 10-уми феврали соли 1995 ҳукми қонунӣ гирифтааст, 21-уми июли соли 1994 шомил шуд.
«Аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ, истифодаи шиканҷа нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад ва дар ягон ҳолат наметавонад сафед карда шавад. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи ҳатмиест, ки дар ҳеҷ сурат наметавонад маҳдуд бошад»,- зикр намуд Шоира Давлатова.
Ба ҳайси тренери қисми дуввум Абдураҳмон Шарипов баромад кард. Ӯ ба таври мухтасар мафҳуми шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро тибқи қонунгузории миллӣ, инчунин тавсияҳову нақшаи миллии амалҳоро шарҳ дод. Абдураҳмон Шарипов ҳамзамон ба масоили нақши мақомоти давлатӣ, тартиби гузоришдиҳӣ, инчунин ҷойгоҳи ҷомеа ва ВАО дар паҳнсозии иттилоот дахл намуд.
Нимаи дуввуми рӯз ба фаъолияти рӯзноманигорӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, масоили инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО ва зарурати кори якҷояи рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон баррасӣ гардиданд. Дар ин мавзуъ рӯзноманигор Акмал Маннонов ба ҳайси сухангӯ баромад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ВАО василаи муҳими паҳн кардани иттилооти ҳуқуқҳимоясозӣ ба шумор меравад. Дар бисёр ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ аллакай таҷрибаи мусбати кори якҷояи ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва рӯзноманигорон вуҷуд дорад. Матолиби рӯзноманигории андозаҳои гуногуни дар ин мавзуъ дар сомонаҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» пахшгардида шарҳ дода шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорони семинар имкониятҳо барои ҳамкориҳои оянда ва ҳамкорӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқро баррасӣ намуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳар як иштирокдори чорабинӣ бо истифода аз донишу таҷрибаҳои ба даст овардааш бояд барои ҷой додан дар майдони иттилоотии худ ва торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон матлаби иттилоотӣ омода намояд.