Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи марговаре хабар дод, ки чанд муддат қабл рух дода будааст.
Бино ба иттилои манбаъ, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурд Назаралии Шариф дар давраи адои хизмати ҳарбӣ даст ба содир кардани ҷинояти вазнини муқобили ҳаёт ва саломатӣ задааст.
Чунончи, 6-уми январи соли 2022 соати 10:15 дақиқа тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои қисми ҳарбии 3502 ба таври амалӣ «Бонги хатари таълимӣ» дар намуди «Шикор-3» эълон мегардад. Хизматчиёни ҳарбӣ барои санҷиши омодабошии ҷангӣ ва тайёрии тактикӣ тибқи нақша дар постгоҳҳо мавқеъҳои ҷангии худро ишғол намуда, дар хандақҳо камин мегиранд. Аз рӯи тақсими вазифаҳо ва мавқеъгирӣ дар хандақҳо хизматчиёни ҳарбӣ - қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. ва дигар сарбозон бо роҳбарии сержанти хурд Назаралии Ш. дар канори чапи даромадгоҳи қисми ҳарбӣ мавқеи худро дар хандақҳо ишғол намуда, бо ин тартиб вазифаҳои ба дӯши онҳо гузошташударо зимни бонги хатари таълимӣ иҷро мекунанд.
Соати 10:30 дақиқа бонги хатари таълимӣ ба анҷом расида, ҳайати шахсӣ супориш мегиранд, ки ба маҳали ҷойгиршавии рота баргарданд. Вале сержанти хурд Назаралии Ш. ин супоришро иҷро накарда, аз хандақи ишғолнамудааш баромада, ба назди афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. рафтааст. Кенҷаев Ҷ. Ш. мили силоҳи хизматии худ - тамғаи пулемёти «Калашников»-ро, ки дар он тирдон пайваст карда нашуда, тир надоштааст, ба тарафи Назаралии Ш. гардонида, шӯхиомез гуфтааст, ки ӯро мепарронад ва механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намуда, мили силоҳашро поён фароварда, рӯ ба рӯи Назаралии Ш. истодааст. Ӯ, ки тахминан дар масофаи 5-6 метр дуртар аз афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. қарор доштааст, аз ин рафтори номбурда дар ғазаб шуда, бар хилофи бандҳои 11-12-и Оинномаи хизматии дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани охирин аз дохили сумкааш тирдонро, ки дар дохилаш 30 дона тир ҷой карда шуда будааст, бароварда, ба силоҳи хизматии ба ӯ вобасташудаи «Калашников», тамғаи «АКМ » пайваст намуда, қуланги онро кашида, ба тирпарронӣ омода кардааст. Сипас, мили силоҳашро ба тарафи афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. рост карда, номбурдаро ба нишон гирифта, бо мақсади парронидан муҳофизакро кушода, механизми зарбасардиҳанда (курок)-ро пахш намудааст. Вале новобаста аз иродаи ӯ, бинобар сабаби пурра пайваст нагардидани тирдон ба силоҳ, аз он тир парронида нашудааст. Назаралии Ш. ин ҳолатро пурра дарк карда, кирдори қасдонаашро идома дода, бо мақсади ба анҷом расонидани қасди пешгирифтааш, тирдони пур аз тирро аз нав ба силоҳ дуруст пайваст карда, минбаъд дарҳол силоҳашро ба ҳолати омодабошӣ оварда, муҳофизакро кушода, аз нав қулангро кашида, тирро ба мили силоҳ ҷой кардааст. Баъдан, бо мақсади парронидани афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. мили силоҳро ба ҷониби узви ҳаётан муҳими номбурда - сараш рост карда, ба нишон гирифта, механизми зарбасардиҳандаро пахш намуда, як тири нишонрас парронидааст, ки он ба қисми рости сари афсари қаторӣ Кенҷаев Ҷ. Ш. расидааст. Дар натиҷа номбурда аз тир ҷароҳати вазнини барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
- Прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати сержанти хурд Назаралии Ш. бо моддаи 104, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикстон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст. Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 8-уми апрели соли 2022 Назаралии Ш. бо моддаи 104, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.