Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 10). Барои шарикӣ дар содир намудани ҷинояти шиканҷа на танҳо ҳамон шахсони мансабдоре, ки азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳиро расонидаанд, балки ташкилкунандагон, таҳриккунандагон ва ёрдамчиёни шиканҷа, ки шахси мансабдор намебошанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Шахси мансабдоре, ки бо огоҳӣ доштан ё розигии хомўшонаи ў, инчунин бо саҳлангории ў ё ин ки қаблан ваъдаи рўйпўш кардани шиканҷа аз ҷониби иҷрокунандае, ки зери тобеияти шахси мансабдор қарор дорад, содир шудааст, ёрдамчии ҷиноят эътироф карда мешавад. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо шахсони мазкур барои шарикӣ дар шиканҷа ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҳаракатҳои онҳо бо моддаҳои 36 ва 1431-и КҶ банду баст карда мешаванд. Муқаррароти мазкур ба моддаи 1-и Конвенсия мувофиқат мекунад, ки тибқи он барои татбиқи шиканҷа ба ғайр аз иҷрокунанда бояд шахси таҳриккунандаи шиканҷа ё шахсе, ки шиканҷа бо огоҳӣ доштан ё розигии хомўшонаи ў татбиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.