Шарҳи Мадина Шарипова дар бораи офиятбахшии равонии маҳкумшудагон

Номзади илмҳои равоншиносӣ, дотсенти кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мадина Шарипова рӯзи 10-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар бораи барномаи маҷмуии офиятбахшии равонӣ ва реинтегратсияи маҳкумшудагон сухан гуфт.

- Асосҳои қонунгузорие (қонунгузории миллӣ), ки равоншинос аз рӯйи онҳо амалӣ кор кунад, вуҷуд надоранд. Дар бораи фаъолияти равоншинос ва тартиби хизматрасонии ӯ ба аҳолӣ қонуни алоҳида ва ё моддаи бевосита мавҷуд нест. Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар муассисаҳои ислоҳотӣ имрӯз ягон санади қонунгузории бо тартиби муқарраршуда (дастур, тартибот, фармон, низомнома) таҳия ва тасдиқшуда оид ба фаъолияти амалии равоншинос вуҷуд надорад,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, расонидани хадамоти иҷтимоӣ ва равонӣ ба маҳкумшудагон, бахусус ҷанбаи равонии он дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории миллӣ ба таври кофӣ инъикос наёфтааст.

Равоншинос иттилоъ дод, ки дар доираи барномаи офиятбахшии таҳияшуда тавсияҳои зерин коркард гардидаанд:

- Ба вазифаи равоншинос мутахассисони соҳибихтисос ҷалб карда шаванд;

- Барои равоншинос утоқи шахсӣ ҷудо карда шавад, ки ба таври мувофиқ муҷаҳҳаз гардида, дорои шкаф (ё сейф)-и қулфдор бошад;

- Барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории фаъолияти равоншиноси муассисаи ислоҳотӣ, аз ҷумла таҳияи дастурҳои дахлдор, механизмҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ чораҳо андешида шаванд;

- Таҳияи барномаҳои амалияи татбиқи ҳуқуқ оид ба паст кардани фишори равонӣ (худкушӣ, сӯйиқасд ба он) нисбати шахсоне, ки дар СИЗО ё муассисаи ислоҳотӣ нигоҳ дошта мешаванд;

- Таҳияи барномаҳои таълимӣ оид ба расонидани кумаки равонӣ: ҷаласаҳои инфиродии равониву машваратӣ бо назардошти синну сол, нишонаҳои ҷисмонӣ, ҷинсият ва этникӣ;

- Таҳияи воситаҳои таҳқиқ (саволномаҳо, нақшаи назорат ва ғ.), ки арзёбии хатарҳои инфиродӣ ва ниёзҳои равониро дар бар мегиранд;

- Ташкили фаъолияти назоратӣ барои кормандони дахлдори муассисаҳои ислоҳотӣ;

- Таҳия ва тасдиқ намудани санаде, ки фаъолияти равоншинос дар муассиса, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯро танзим мекунад;

- Тартиб додани нақшаи кори маъмулии равоншиноси муассиса;

- Таҳияи алгоритми нақшаи инфиродии офиятбахшии шахсони айбдоршаванда;

- Барои кормандон имконият фароҳам овардан, то тренингҳои психотерапевтӣ, сеансҳо барои пешгирии ҳолатҳои эмотсионалӣ гузаранд;

- Тартиб додани арзёбии бисёрсамта барои баҳодиҳии минбаъдаи самарабахши хавф, гуруҳбандӣ ва офиятбахшии маҳкумшуда ҳангоми адои ҷазои ҷиноятӣ.

NoTorture.Tj