Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 3). Тибқи талаботи моддаи 1431-и КҶ зери мафҳуми шиканҷа қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рўҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомўшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ў барои ҳаракате, ки содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ў ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, фаҳмида мешавад.
Шиканҷа метавонад на танҳо дар ҳаракати мақсаднок, балки дар беҳаракатӣ низ зоҳир гардад, вақте ки шахси мансабдор вазифадор аст, дарк намояд, ки оқибати чунин беҳаракатӣ боиси расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ мегардад.
Чун шиканҷа бояд ҳаракатҳое, ки ба расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ овардаанд, инчунин дар натиҷаи онҳо маълумот ё худиқрориро на танҳо шахси бевоситаи зери шиканҷа қарордошта, ҳамзамон шахси сеюм низ додааст, дониста мешаванд.
Дар ин ҳолат ба сифати ҷабрдидаи шиканҷа эътироф намудани ин шахси сеюм низ зарур аст, зеро ў аз шиканҷа азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рўҳӣ дидааст.
Шиканҷа метавонад на танҳо ба мақсади ба даст овардани иттилоот (худиқрорӣ, нишондод, маълумоти хусусияти дигар дошта), инчунин барои ҷазодиҳии шахс оид ба кирдори содирнамуда ё ҳаракате, ки бо он айбдор гардидааст, равона карда шавад.
Ҳамчун шиканҷа ҳаракате, ки ба расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ бо маҷбур намудани шахси зери шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм ба содир кардан ё накардани ягон хел ҳаракатҳо алоқамандбуда равона гардидааст, бояд банду баст карда шавад.
Шиканҷа, инчунин метавонад дар расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва ё рўҳӣ вобаста ба нажод, миллат, муносибат ба дин, баромади иҷтимоӣ, забон, ҷинс, синну сол ё дигар мансубияти шахс, аз ҷумла марбут ба фаъолияти муайян ё мавқеи шахсӣ нисбати масъалаи муайян фаҳмида шавад.